
ПАЁМИ ТАБРИКИИ раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба муносибати ҷашни Сада
2025-01-30 13:47:59
Бо камоли эҳтиром кулли ҳамдиёрони гиромиро бо ҷашни Сада, ки чун рамзи рӯшноӣ ва омодагӣ ба фасли шукуфтанҳо -Наврӯзи хуҷастапай ва ёдгори бегазанди ниёкони азимушшаъни мо таҷлил карда мешавад, самимона муборакбод мегӯям.
Дар даврони истиқол бо ибтикору роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну оинҳои миллӣ эҳё гардида, дар қатори Наврӯзу “Шашмақом”, чакану оши палав ҷашни бостонии Сада низ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.
Хеле рамзӣ аст, ки ҷашни Сада имсол дар шаҳри Панҷакент дар мавзеи Қавола, дар канори шоҳроҳ ва домани майдонҳои кишт бо иштироки доираи васеи кишоварзон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, намоиши дастранҷи деҳқонон, техникаи кишоварзӣ, маҳсули дасти ҳунармандон, рақсу суруд, барафрӯхтани оташ, ки рамзи ин иди бостонӣ аст, бо рангу таровати тоза баргузор шуд.
Ҷашни Сада ва эҳёи ҷашну маросим ва суннатҳои мардумии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон, Тиргон дар замони истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи равшани ба асолату рисолати таърихӣ бозгаштани миллати мо аст. Аксари ин маросим, хусусан Наврӯз, Меҳргон ва Сада таҷассуми одобу хирад, фарҳангу маданият, хуллас симои маънавии мардуми тоҷик мебошанд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳад».
Ниёкони мо ҷашни Садаро ҳамчун падидаи кашфи оташ ҳам таҷлил менамуданд ва оташ на танҳо гармӣ мебахшад, балки рамзи рӯшанӣ ва он башорат аз ҷашни эҳёи табиат- Наврӯз низ ҳаст.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват менамуданд ва ба кишту кор, ба ҷашни Наврӯз омодагӣ медиданд.
Дар соле, ки сипарӣ шуд, деҳқонони шаҳр дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба дастовардҳои чашмрас ноил шуданд ва боварӣ дорам, ки онҳо корҳои омодагиро ба мавсими кишт вусъат дода, аз ҳоло ба ниҳолшинонӣ, сабзу хуррамгардонӣ, тоза кардани каналу ҷӯйбор, омода намудани тухмӣ, техникаи кишоварзӣ, батартибдарории боғу токзор ва ободии маҳали зист машғул мешаванд, дар иҷрои нақшаи созандагию бунёдкориҳо ба ифтихори ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолона саҳм мегузоранд.
Бо ибрози ҳамин ниятҳо бори дигар ҳамдиёрони арҷмандро бо ҷашни Сада муборакбод гуфта, барояшон рӯзгори осуда, бахту саодат, хони пурнеъмат ва барору комёбӣ орзу мекунам.
Ҷашни Сада муборак, ҳамдиёрони азиз!