Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > «САРАЗМ» БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ РОҲ ХАТ ГИРИФТ
single-product

«САРАЗМ» БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ РОҲ ХАТ ГИРИФТ

2025-01-29 16:23:28

Дастаи футболи “Саразм”-и шаҳри Панҷакент ба даври ҷумҳуриявии мусобиқа барои соҳиб шудан ба ҷоми Федератсияи футболи мамлакат роҳхат гирифт.
Даста дар даври минтақавии ин мусобиқа бар дастаи “Парвоз” бо ҳисоби 1 ба 0 , “Хуҷанд” бо ҳисоби калони 6 ба 1 ғолиб омада, дар мусобиқаи ниҳоӣ аз дастаи “Мастчоҳ” мағлуб шуд.
Даври ҷумҳуриявии мусобиқа барои ҷоми Федератсияи футбол 6 феврали соли равон оғоз шуда, “Саразм” дар гурӯҳи “Б” бозӣ мекунад ва ҳарифони он баъди қуръапартоӣ муайян мешаванд.
Ҳоло даста ба ин мусобиқа ва мавсими нави футбол байни дастаҳои лигаи якум, ки баъди иди Наврӯз оғоз мешавад, омодагӣ мегирад. Ёдрас менамоем, ки “Саразм” мавсими гузаштаро бо 35 имтиёз ва ҷой гирифтан дар байни шаш дастаи пешсафи лигаи якуми футболи мамлакат ҷамъбаст намуда буд.
Ба ҳайати даста дар мусобиқа барои ҷоми Федератсияи футболи мамлакат барор орзу мекунем.

single