
НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲР БАРГУЗОР ШУД
2025-01-28 10:53:37
Дирӯз ҷиҳати иҷрои Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011 ва ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасдиқ намудааст, нишасти матбуотии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2024 баргузор шуд.
Ба хабарнигорон маводи иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2024 дастрас шуда, ҳамчунин наворҳо оид ба иншооти таъиноти гуногун, ки дар ин сол дар доираи омодагиҳо ба 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷалби соҳибкорон, аҳолӣ ва шарикони рушд бунёд шудаанд ва дигар корҳои созандагию ободонӣ манзур карда шуд.
Дар ин замина раиси шаҳр ба саволҳои хабарнигорони васоити ахбори маҳаллӣ, шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дигар рӯзноманигорон оид таъминот бо барқ, роҳандозии ҳамкорӣ бо доираҳои сармоягузории давлати ҳамсоя, таъмири муссисаҳои таълимӣ, танзими ҳаракати нақлиёт дар шаҳр, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, таъмири қитъаи роҳи Суғдиён – Дуоба, хати обу ташноби шаҳр, савдои кӯчагӣ, ташкили коргоҳи коркарди пашм ва пӯст,беҳдошти вазъи хидматрасонии тиббӣ, дигар масъалаҳои мубрами рӯз ва дигар саволҳо посухҳои мушаххас дода, масъалаҳои мавриди назари рӯзноманигоронро шарҳу тавзеҳ дод.
Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо васоити ахбори умум робитаи пайваста дошта, омодааст минбаъд низ ҳамкориро бо онҳо дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намояд.
Тибқи нақша нишастҳои матбуотӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар соли 2024 дар ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот низ баргузор мешаванд.