Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ПАНҶАКЕНТ: СОЛИ 2024 БА МАБЛАҒИ БЕШ АЗ 2,1 МИЛЛИАРД СОМОНӢ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ИСТЕҲСОЛ КАРДА ШУД
single-product

ПАНҶАКЕНТ: СОЛИ 2024 БА МАБЛАҒИ БЕШ АЗ 2,1 МИЛЛИАРД СОМОНӢ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ИСТЕҲСОЛ КАРДА ШУД

2025-01-24 13:11:44

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2024 дар шаҳри Панҷакент 2 млрд. 183 млн. 830 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 250,6 млн сомонӣ зиёд буда, афзоиш 113 фоизро ташкил медиҳад.
Соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хољагидорӣ дар майдони 30923,8 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2023-юм 1911 ё 6,6 фоиз зиёд мебошад.
Кишти зироати асосӣ - картошка дар майдони 5546,7 гектар гузаронида шуд, ки ин нисбат ба соли пешин 128,1 фоизро ташкил дода, истењсоли он дар соли 2024 ба 77,8 њазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2023-юм 3614 тонна ё 104,9 фоиз зиёд мебошад.
Истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагӣ 61218,4 тонна, тонна, картошка 77767,9 тонна, сабзавот 123787,4 тонна, полизӣ 2846,5 тонна, мева 10089,3 тонна, ангур 4445,8 тонна, гўшт 8110 тонна, шир 24221,7 тонна, тухм 4815,4 ҳазор дона, пашм 74,4 тонна, пилла 13,1 тонна, асал 47,6 тонна ва моҳӣ 48,2 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2023 ѓалладонагињо 14,4 фоиз, картошка 4,9 фоиз, сабзавот 12,2 фоиз, полизӣ 14,3 фоиз, мева 35,6 фоиз, ангур 1,8 баробар, гўшт 3,8 фоиз, шир 9,6 фоиз, тухм 36,3 фоиз, пашм 3,5 фоиз, асал 6 фоиз ва моҳӣ 3,2 фоиз зиёд шудааст.
Дар мавсими кабудизоркунӣ 76478 дарахт шинонда шуд, ки ин нишондиҳанда 103 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати 1-уми январи соли 2025 дар майдони 2758 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки 109,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди шаҳри Панҷакент дар давраи ҳисоботӣ 110 гармхонаи доимоамалкунанда дар масоҳати 33,1 ҳазор метри мураббаъ барои парвариши лимӯ, помидор, бодиринг, кабудӣ ва гул ба роҳ монда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105 адад зиёд мебошад. Дар соли 2024 дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 85 гармхонаҳои тиҷоратӣ ва оилавӣ сохта ба истифода дода шуд.

single
single