Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ХОНАИ ФАРҲАНГ БОЗСОЗӢ ВА МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ БУНЁД МЕШАВАД
single-product

ХОНАИ ФАРҲАНГ БОЗСОЗӢ ВА МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ БУНЁД МЕШАВАД

2025-01-15 14:22:02

Дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бо ҳамкории давлат ва сектори хусусӣ хонаи фарҳанги деҳаи Ёрӣ таҷдиду бозсозӣ ва дар ҳудуди саҳни он майдони Парчами давлатӣ бунёд карда мешавад.
Дар ин бора зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз деҳаи Ёрӣ иттилоъ дода шуд.
Лоиҳаи ангоравии майдони Парчами давлатӣ, ки дар он барои сайругашти сокинон ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ муҳайё намудани шароити созгор пешбинӣ шудааст, омода буда, ба масъулини ҷамоати деҳот ва соҳибкорон барои омода намудани тарҳи таҷдид ва бозсозии хонаи фарҳанг бо намои зебо дастур дода шуд.
Ҳамчунин бо дастгирии соҳибкорон корҳои омодагӣ барои чароғон кардани кӯчаи марказии деҳа идома дошта, насби чароғпояҳо рӯзҳои наздик оғоз карда мешавад.
Дар бораи саҳмгузории соҳибкорон- ҳамватанони бурунмарзӣ барои таҷдиди хонаи фарҳанг бо тарҳи нав ва бунёди Майдони парчами давлатӣ, дигар корҳои ободонӣ дар деҳа ҳафтаи гузашта дар мулоқоти раиси шаҳр бо онҳо сухан рафта буд.

single