
МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОНИ ДЕҲАИ ЁРӢ
2025-01-11 13:27:41
Соҳибкорон- зодагони деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент, ки дар Федератсияи Руссия кору зиндагӣ мекунанд, барои ободии зодгоҳи худ саҳм мегузоранд.
Да мулоқоти раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, ки бо чанде аз соҳибкорони муваффақи деҳа баргузор шуд, ба онҳо барои саҳмгузорӣ дар ободии зодгоҳ, меҳру садоқат ба Ватан изҳори сипос карда шуд.
Гуфта шуд, ки онҳо ва дигар сокинони деҳа, ки дар Русия ба ҳайси соҳибкор ва муҳоҷири меҳнатӣ кор мекунанд, бо номи “Ободии Ёрӣ” гурӯҳе созмон дода, барои корҳои ободонии зодгоҳашон ҳиссагузорӣ менамоянд.
Аз ҷумла, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории онҳо муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 57-и деҳа таъмиру таҷдид шуда, ошхонаи мактабӣ бунёд карда, ҳоло сохтмони бинои нави он идома дорад. Ҳамчунин бо дастгирии онҳо дар деҳа чоҳи амудӣ канда, беш аз се километр роҳи байни деҳа мумфарш карда, дар МТМУ “ 121 низ ошхонаи мактабӣ сохта, дар маркази саломатии деҳа панелҳои барқии офтобӣ насб карда шудааст. Ҳоло бошад ду километр роҳи маркази деҳа чароғон карда мешавад.
Дар мулоқот ба соҳибкорон пешниҳод шуд, ки дар анҷоми сохтмони бинои МТМУ № 57, хонаи фарҳанги деҳа саҳми бештар гузоранд, барои бунёди пойгоҳи обкашӣ, ки бо он ҳолати мелиоративии даҳҳо гектар заминҳои ҳудуди деҳаро беҳтар намуда, барои бунёди боғу токзори нав замина мегузорад, ташкили коргоҳҳои истеҳсолӣ барои ба кор ҷалб намудани занону духтарони деҳа мусоидат мекунад, иқдом намоянд.
Дар анҷоми ин корҳо дар доираи шарикии давлат ва сектори хусусӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолона саҳми пулию молӣ мегузорад.
Тасмим гирифта шуд, ки чунин мулоқоту ҳамкориҳо бо соҳибкорони бурунмарзӣ ба хотири ободии диёр минбаъд низ идома дода шавад.