Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > РОҲНАМО БАРОИ РУШД ВА ОЯНДАИ БОСАОДАТ
single-product

РОҲНАМО БАРОИ РУШД ВА ОЯНДАИ БОСАОДАТ

2024-12-29 18:22:58

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ва дар ҳамаи корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ кормандон, донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»,ки имсол дар толори калони бинои наву пуршукӯҳи Парлумони кишвар зимни ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд, дастҷамъона тамошо карданд.
Дар Паёми Пешвои муаззамаи миллат, дастовардҳои кишвари мо дар панҷ соли гузашта ва соли 2024 ҳамаҷониба таҳлил шуда, он дар маҷмӯъ бобарор арзёбӣ шуд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, соли 2024 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ таъмин карда шуд.
Ҳамчунин дар Паём дар соли 2025 зиёд намудани музди маоши кормандони соҳаи буҷетӣ , аз ҷумла маориф, нафақа пешбинӣ шуда,барои рушди ҳамаҷонибаи иқтисоди кишвар ва ҳалли масъалаҳои соҳаи иҷтимоӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шудааст.
Ҳозирин ироаи ин ҳуҷҷати раҳнаморо бо таваҷҷӯҳи хоса ва шавқи зиёд тамошо карда, бори дигар итминон ҳосил намуданд, ки Пешвои муаззами миллат, Ҳукумати мамлакат ба хотири таъмини рушди кишвар, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум сиёсати оқилонаю дурандешонаро пеш гирифтаанд.

single