Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
single-product

ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

2024-12-26 12:48:48

26 декабр таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент даъвати шашум, баргузор гардид.
Дар иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи иқтисод, молия ва дурнамосозии дастгоҳи раиси вилоят Саидимомхӯҷа Акбаров иштирок намуд.
Бо ҷонибдории вакилон рӯзномаи иҷлосия иборат аз шаш масъала, тасдиқ карда, дар ин бораи қарор қабул карда шуд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома -ҳисоботи раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар 11 моҳи соли 2024, ки матни он қаблан дар нашрияи шаҳрии “Зарафшон” ба табъ расида, ба вакилон дастрас карда шуда буд, вакилон ба музокира баромада нишондиҳандаҳои самту соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳрро дар ин давра назаррас арзёбӣ намуданд.
Дар ҳисобот ва дар музокираҳо аз ҷумла таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар раванди таъмини самтҳои афзалиятноки “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” чораҳои зарурӣ андешида, аз аввали татбиқ баробари 62,6 фоиз ба иҷро расида, ҳамчунин дар доираи онҳо 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 13,1 млн. доллари ИМА аз худ карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷет 927,7 миллион сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба соли 2020 575, 6 млн сомонӣ зиёд буда, назар ҳамин давраи соли гузашта 117,8 миллион сомонӣ зиёд ва ё баробари 100 фоизи нақша мебошад.
Музди миёнаи маоши кормандон дар 11 моҳи соли 2024 - 2633 (соли 2023 – 2519) сомонӣ аст, ки нисбат ба соли 2020 -1017 сомонӣ зиёд буда, маоши кормандони соҳаи буҷетӣ ва нафақа дар ин давра пурра пардохт шудааст.
Дар ин давра ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ тавсеа ёфта, шумора ва ҳиссаи соҳибкорӣ дар истеҳсоли маҳсулот, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷет афзудааст.
Давоми 11 моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 5 миллиарду 454 миллиону 236 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 1 млрд. 198 млн. 255 ҳазор сомонӣ ва ба ҳамин давраи соли 2023 - 912,6 млн. сомонӣ зиёд ё 120,1 фоиз таъмин карда шудааст.
Дар ин давра аз 47 намуди муҳимтарин маҳсулоти саноатӣ истеҳсоли 31 номгӯй афзуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 истеҳсоли ангиштсанг- 2 баробар, биринҷ –26,8, маҳсулоти ширӣ - 25,7, истеҳсоли гӯшт–27,7, либоси мактабӣ -2,6, маҳсулоти қаннодӣ-19,4, саққои пӯлодӣ-65,8 фоиз, хишти сементӣ-3,5 баробар зиёд шудааст.
Дар 11 моҳи соли 2024-ум шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 48 адад расонида шуд, ки нисбат ба соли 2020- 32 адад, назар ба соли гузашта 5 адад зиёд буда, дар маҷмӯъ дар шаҳр 1403 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷамъоварии маблағи фурӯши барқ дар маҷмӯъ 106 фоиз , аз ҷумла аз ташкилоту муассисаҳо – 107,3 ва аҳолӣ 98,6 фоизро ташкил медиҳад.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёди 1000 иншоот пешбинӣ шуда, давоми солҳои 2022- 2023 ва 11 моҳи соли 2024 – 529 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла, 39 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, 24 иншооти соҳаи тандурустӣ, 44 иншооти соҳаи маориф, 18 иншооти варзишӣ, 9 иншооти истироҳатӣ - фарҳангӣ, 16 иншооти сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо, 75 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 11 бинои истиқоматӣ, 25 пул, 6 бинои маъмурӣ ва 218 адад дигар намуди иншоотҳо мавриди истифода қарор дода, ба масофаи умумии 78,7 км. роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 36,2 км мумфарш ва 42,5 км қумпӯш карда шудааст.
Ҳоло дар зиёда аз 80 иншоот, аз ҷумла 40 бинои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ кор бо маром идома дошта,дар онҳо 4816 адад ҷойҳои корӣ таъсис дода шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади барқарорсозии инфрасохтори соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар шаҳри Панҷакент бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми ҷомеъа ба маблағи умумии 2,3 млн сомонӣ корҳо ба ҷо оварда шуданд, ки нисбат ба соли 2020 -758,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
То ин муддати соли равон дар шаҳр 81,4 ҳазор тонна картошка, 110,1 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 27,8 ҳазор тонна пиёз,2499 тонна полезиҳо,9337 тонна мева ва 3922 тонна ангур истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 ҳазор тонна картошка, 6,4 ҳазор тонна сабзавот, 2439 тонна мева ва 1943 тонна ангур зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар масоҳати 1,5 гектар гармхонаи замонавӣ ва дар қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ 90 гармхонаи оилавӣ бунёд шуда, дар маҷмӯъ шумораи гармхонаҳо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 120 адад ва сардхонаҳо ба 19 адад бо ғушҷоиши 5150 тонна расонида шуд.
Дар ин давра бо бунёди 2 пойгоҳи нави обкашӣ, тавсеаи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва кандани чоҳҳои амудӣ беш аз 1300 гектар заминҳо обёрӣ карда шуданд, ки зиёда аз 800 гектари он аз ҳисоби заминҳои соҳили дарёи Зарафшон мебошад.
Ин тадбирҳо имконият фароҳам оварданд, ки дар давраи ҳисоботӣ маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 1,8 миллиард сомонӣ расонида шавад, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 220,8 ҳазор сомонӣ бештар буда, 113,4 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра шумораи сайёҳон назар ба соли гузашта беш аз 3200 нафар афзуда, дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ корҳои зиёде анҷом дода шуданд
Аз ҷумла, дар арафаи соли нави таҳсил ду бинои нави муассисаи таълимӣ ҳар кадом бо фарогирии 700 хонанда дар ду баст ва ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як бинои нави муассисаи таълимӣ барои 320 хонанда дар ду баст, чор синфхонаи иловагӣ ва майдончаи нави варзишии мактабӣ ба истифода дода шуданд.
Ҳоло сохтмони бинои нав барои 4 муассисаи таълимӣ ва дар назди муассисаҳои таълимӣ бунёди 115 синфхонаҳои иловагӣ бо 2875 ҷойи нишаст ва 2 муассисаи томактабӣ идома дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо ҷалби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 2 бунгоҳи тиббӣ ва як беморхона мавриди истифода қарор гирифта, 12 марказ ва бунгоҳи саломатӣ таъмири асосӣ карда, ҳоло сохтмони 1 беморхона бо ғунҷоиши 120 кат ва 2 маркази саломатии деҳот идома дорад. Ҳамчунин дар ин давра муасссаҳои тиббӣ бо 33 номгӯй таҷҳизоти гуногуни тиббӣ таъмин карда шуданд.
Барои таъмини муассисаҳои буҷавӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ барои давраи зимистон 4483,6 тонна ангишт, 2319 метри муакаб ҳезум ва дигар маводи зарурии ғизоӣ захира карда шудааст.
Аз рӯйи масъалаҳои дуюми рӯзнома- тасдиқи буҷети шаҳри Панҷакент барои соли 2025, вакилон маърӯзаи сардори раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Ҷаҳон Мирзоҳафизиён ва маърӯзаи иловагиро шунида, дар ин бора қарор қабул намуданд.
Дар идома вакилон дар бораи меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ дар ҳудуди шаҳр қарор ба тасвиб расонида, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, сиёсати ҷавонон, ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат,масоили оила ва занон ва ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии Зардолузор №2-ро шунида, тасдиқ карданд.
Дар фарҷоми иҷлосия вакилон қарорҳои раиси шаҳрро тасдиқ намуданд.
Вакилони иҷлосия дар бораи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Дар иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сухан кард.

single