
МАВИЗ – МАҲСУЛОТИ БОЗОРГИР ВА СЕРДАРОМАД
2024-12-18 16:40:03
Тирамоҳ- мавсими пухтани ангур, бозори шаҳри Панҷакентро асосан маҳсули дасти токпарварони Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан ғанӣ менамояд.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз деҳаи Шурчаҳи Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан иттилоъ дода шуд, ки бисёр сокинони деҳа ҳар сол як қисми ҳосили токзори замини саҳмия ва наздиҳавлигиашонро барои омода намудани мавиз нигоҳ медоранд.
Аз ҷумла, Ғафсиддин Бобоев аз 50 ҳисса токзор ангури навъҳои кишмиши сиёҳу сафед, тоифӣ истеҳсол намуда, беш аз як тоннаи онро тирамоҳ дар бозори шаҳр фурӯхта, ҳосили боқимондаро хушконида, беш аз 1,5 тонна мавиз омода кардааст ва аз фурӯши он ҳамасола эҳтиёҷи оилаашро таъмин менамояд.
Ба ӯ ва дигар токпарварони деҳа дастур дода шуд, ки баробари навъҳои маъмулии ток, навъҳои дигари серҳосилро, ки ангураш хушсифат ва серхаридору қимат аст, низ парвариш намоянд.
