Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

ХОНА БАРОИ МАЪЮБ

2024-12-14 15:51:30

ХОНА БАРОИ МАЪЮБ
Бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва саҳмгузории соҳибкор Бахтиёр Акоев барои сокини деҳаи Хӯҷағариби Ҷамоати деҳоти Амондара, оилаи маъюб Ҷамолиддин Исмоилов дар маҳаллаи нави деҳа хонаи истиқоматӣ бунёд карда мешавад.
Ин оила, ки соҳиби 3 фарзанди хурд аст, то ин муддат дар шароити номусоид зиндагӣ мекард ва имкони бунёди хонаи навро дар қитъаи замини наздиҳавлигаш надошт.
Хонаи нав дорои се ҳуҷра буда, ҳоло дар он аз ҷониби ин ҳамдеҳаи хайрхоҳу накӯкораш корҳои пардоздиҳӣ идома дорад.
Рӯзҳои наздик аҳли ин оила дар хонаи нав бурёкӯбон мекунад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳот аз рафти корҳо дар ин хонаи навбунёд шинос шуда, ба ташаббускори он арзи сипос намуд. Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар таъмини ин оилаи эҳтиёҷманд бо ҷиҳозу маводи зарурӣ саҳм мегузорад.

single