СОҲИЛБАНДӢ АЗ МАБЛАҒ БАРОИ АДОИ МАРОСИМИ ҲАҶ
2024-12-14 09:46:01
Сокини деҳаи Хӯҷағариби Ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент, нафақагир Худойқул Қосимов маблағи барои адои маросими Ҳаҷ захиранамудаашро барои соҳилбандии дарёи Зарафшон харҷ мекунад.
Ӯ солиёни зиёд дар мактаби зодгоҳаш ба хонандаҳо дарс мегуфт ва баробари ин ба кишоварзӣ низ машғул аст ва дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ҳамроҳ бо дигар саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Чашмасор” шолӣ истеҳсол менамояд.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти корҳои соҳилбандӣ гуфта шуд, ки наздик ба 30 гектар замини шоликории саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Чашмасор” ва беш аз 60 гектар туғайзори хоҷагии ҷангали шаҳр дар соҳили дарё воқеъ буда, барои аз обхезӣ эмин доштани онҳо ва кушодани заминҳои нав ҳамасола зарурати дар масофаи 350 метр мустаҳкам намудани садди обшикан ба миён меояд.
Соли дуюм аст, ки ин корро Худойқул Қосимов ба ӯҳда гирифтааст ва барои мустаҳкам намудани садди соҳил беш аз 650 мошин сангу шағал кашонида, тавассути он заминҳои соҳилиро аз хатари обхезӣ эмин нигоҳ доштааст.
Дар маҷмӯъ ин садди обшикан хатари зиёни обхезии дарёи Зарафшонро дар фасли тобистон барои наздик ба 300 гектар заминҳои соҳили дарё дар ҳудуди ҷамоати деҳот коҳиш медиҳад.
Бо бунёди ин сад соли гузашта ва имсол 5 гектар замини нав кушода, 2 гектари он ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст.