БУНЁДИ ХАТИ ОБ БА ДЕҲА
2024-12-14 09:44:35
Деҳаи Хӯҷағариб аз мавзеъҳои аҳолинишини дурдасти Ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент буда, солҳо боз сокинонаш аз норасоии оби нӯшокӣ ва полезӣ танқисӣ мекашанд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ташаббусу сармоягузории соҳибкорону сокинон тасмим гирифта шуд, ки аз соҳили дарёи Зарафшон ба масофаи беш аз се километр ба деҳа ҳати оби нӯшокӣ ва полезӣ кашида шавад.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти бунёди хати об гуфта шуд, ки бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ то имрӯз дар соҳили дарёи Зарафшон се чоҳи амудӣ канда, ба масофаи беш аз ду километр ду хати об бо лӯлаҳои қутрашон сад миллиметр кашида, барои кашидани хати барқ трансформатор гузошта, 37 пояи оҳану бетонӣ шинонида шуда, ҳоло бетонпӯш намудани ҳавз бо ғунҷоиши 250 метри мукааб идома дорад.
Об тавассути муҳаррик бо хати об дар ин ҳавз ғун карда, аз он бо насби пойгоҳи обкашии дигар тавассути лӯлаҳо ба деҳа интиқол дода мешавад.
Ба ташаббускорон, соҳибкорон ва сокинони деҳа барои ин иқдом изҳори сипос намуда, гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои анҷоми он мусоидат менамояд.
Баъди анҷоми ин кор беш аз 40 гектар заминҳои кишт обёрӣ шуда, сокинон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мешаванд.