Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ ОИД БА ИНТИХОБОТ
single-product

МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ ОИД БА ИНТИХОБОТ

2024-12-12 12:46:45

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 рӯзи 2 марти соли 2025 интихоботи даъвати навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баргузор мегардад.
Дар машварати дастурдиҳӣ, ки дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки аъзоёни комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва аъзоёни эҳтимолии комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ баргузор шуд, муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода, коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аваз Назаров ва Далер Қодирзода ба ҳозирин мӯҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 “ Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, дар маҷмӯъ низоми интихоботиро дар мамлакат, шарҳ доданд.
Аз ҳозирин даъват шуд,ки барои тибқи муқаррароти қонунҳои ҷорӣ, озоду демократӣ баргузор намудани ин маъраки муҳими ҳаёти сиёсии кишвар мусоидати фаъолона намоянд.

single