
ИҶЛОСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ БИСТУ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
2024-12-12 11:30:09
12 декабри соли 2024 таҳти раёсати раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар иҷлосия муовинони раиси шаҳр, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот иштирок намуданд.
Дар иҷлосия масъалаҳои интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати ҳафтум, ташкил намудани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати ҳафтум, миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати ҳафтум баррасӣ гардида, дар ин бора қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент, даъвати ҳафтум дар ҳайати 13 нафар ташкил гардида, барои гузаронидани интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент 40 ҳавзаи ҳудудии интихобот ташкил карда шуд.
Раиси шаҳр дар фарҷоми иҷлосия бо ибрози он ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 рӯзи 2 марти соли 2025 интихоботи даъвати навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баргузор мегардад, таваҷҷӯҳи муовинони раиси шаҳр, аъзоёни комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва дигар ниҳодҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрро ба иҷрои муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ ва бо омодагии ҳамаҷониба баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҷалб намуд.
