
СӢ СОЛ ДАР РОҲИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ КИШВАР
2024-12-06 16:01:45
Рӯзи 10 декабри соли ҷорӣ ба таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар саргаҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд, 30 сол пур мешавад.
Ба ин муносибат имрӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент бо иштироки раисони кумиҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолони ҳизб ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Дар сухани шодбошии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода , ки онро ба самъи ҳозирин муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода расонид, сухани табрикии намояндаи кумиҷроияи вилоятии ҳизб Муталиб Маҳмудзода, раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Мастона Муродзода аз ҷумла гуфта шуд, ки мӯҳтаво ва моҳияти барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоҳанг бо ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат аст, ки тӯли фаъолияти 30-солаи худ бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо амалҳои шоиста дар таҳкиму тарғиби дастовардҳои истиқлол, ташаккули шахсияти ватандӯсту фаъол, сафарбар намудани ҷомеа ба раванди бунёдкорию созандагӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ саҳми босазо гузошта, ба нерӯи тавонои сиёсии ҷомеа табдил ёбад.
Ҳоло ҳизбиёни шаҳри Панҷакент, ки беш аз 16650 нафарро ташкил медиҳанд, дар 100 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ сарҷамъ шуда, тибқи дастуру супоришҳои раиси муаззами ҳизб, Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии ҳизб барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории густарда бо мақомоти иҷроияи мањаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба корҳои ободкорию созандагӣ ҷалб намудани аҳли ҷомеа талош меварзанд.
Дар фарҷоми ҷамъомади идона ба як гурӯҳ фаъолони ҳизб, такилотҳои ибтидоии беҳтарин сипосномаҳои Кумитаҳои марказӣ, вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб, ба аъзоёни ҳизб- иштирокчиёни фаъоли озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мукофоти пулӣ ва ба хатмкунандагони мактаби захираи кадрҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб диплом супорида, ба ҳозирин барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешкаш карда шуд.

