
ШОҲҶОИЗА БАРОИ ҲАМСАРИ БЕҲТАРИН
2024-12-06 15:13:35
Оилаи Ҳоҷиевҳо- сокинони шаҳри Панҷакент, дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳамсар” соҳиби шоҳҷоиза дониста шуд.
Шоим Ҳоҷиев дар шабакаҳои барқи шаҳр муҳандис асту ҳамсараш Майсара Фохирова вазифаи адвокатро ба ҷо меорад. Онҳо дар оила се фарзандро тарбия менамоянд ва бо муносибату муомилаи нек, маърифати волои оиладорӣ, тарбияи шоистаи фарзандон дар байни дӯстону шиносҳо ва ҳамсояҳо соҳиби обрӯю эътибор буда, барои оилаҳои ҷавон ҳамчун намуна дониста мешаванд.
Дар даври вилоятии озмуни “ Беҳтарин оилаи ҳунарманд” бошад, зану шавҳар Алиҷон Ортиқов - омӯзгори коллеҷи омӯзгорӣ, рассом ва муҷассамасоз ва Насиба Бобоева- омӯзгор ва кашидадӯз, соҳиби ҷои ифтихорӣ ва сипосномаи раиси вилояти Суғд гардиданд.
Ин озмунҳо бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати мамлакат бо мақсади тарғиби маърифати оиладорӣ, ба ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани ҷавонон баргузор карда мешаванд.