
ПАНҶАКЕНТ: БА АМРИ ВАТАН СОДИҚЕМ
2024-12-04 11:48:55
Дирӯз субҳи барвақт ҳазорон нафар мардони синну соли гуногун, садҳо адад техникаҳои мухталиф ҷониби майдони фурудгоҳи шаҳри Панҷакент раҳсипор шуданд. Ин ҷо дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи Вазорати мудофиаи мамлакат ҷиҳати муайян намудани сатҳи омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарии шаҳри Панҷакент чорабинӣ баргузор шуд.
Муовини якуми Вазири мудофиа, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- лейтенант Эмомалӣ Собирзода ва ҳайати ҳамроҳонаш, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз сафҳои иштирокчиёни машқи мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ, техникаи сершумори мусофиркашону боркаш, гурӯҳи аспсаворон, ки дар майдони парвози фурудгоҳ бо тартибу низоми ҳарбӣ ороста шуда буд, дидан намуда, бо онҳо сӯҳбат анҷом доданд.
Баъди шунидани гузориши комиссари ҳарбии шаҳр оид ба омодагии иштирокчиёни машқи мудофиаи ҳудудӣ ва захираи сафарбарӣ муовини якуми Вазири мудофиа, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- лейтенант Эмомалӣ Собирзода зимни шарҳи вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва ҷаҳон баргузории ин машқро дар амри таҳкими қобилияти мудофиавии кишвар, омодагии захираҳои сафарбарӣ барои ҳифзи сулҳу субот ва рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат муҳим арзёбӣ намуда, барои дар қатори аввалинҳо дар мамлакат ба иҷро расонидани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ба ҳамаи масъулони маъракаи даъват, хоса падару модарони наваскарон, сипос изҳор намуд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар муддати кӯтоҳ, дар вақти муайяншуда саф оростани иштирокчиёни машқи мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ аз ҳама гӯшаю канори шаҳру деҳот, дар рӯзи аввал ба иҷро расонидани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбиро далели муътамади ҷонибдории самимиии сокинон аз сиёсати Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон карда, аз ҷумла таъкид карда шуд, ки ҳифзи марзу буми муқаддаси Ватан, фазои сулҳу суботи кишвар барои ҷавонон ва ҳама сокинони Панҷакент вазифаи муқаддас маҳсуб мешавад ва онро минбаъд низ бо камоли масъулияти баланди ватандорӣ ба ҷо меоранд.
Иштирокчиёни машқи мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ бо сар додани шиорҳои ватандӯстонаи “Шараф ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон!” ва “Тоҷикистон, ба пеш!” бори дигар садоқаташонро ба амри Ватан, ҳифзи марзу буми муқаддаси он, дастовардҳои даврони истиқлол изҳор намуданд.