Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ ВАЗЪИ СОҲИЛБАНДИИ ДАРЁИ ЗАРАФШОН
single-product

БОЗДИД АЗ ВАЗЪИ СОҲИЛБАНДИИ ДАРЁИ ЗАРАФШОН

2024-11-28 13:57:10

Бо тавсеаи корҳои соҳилбандӣ дар дарёи Зарафшон ҳамасола даҳҳо гектар заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, ҳамчунин киштзорҳои соҳилӣ аз зиёни обхезӣ ҳифз карда мешаванд.
Ин кор хоса барои сокинон ва кишоварзони деҳаи Соҳилии Ҷамоати деҳоти Сӯҷина, ки дар соҳили дарёи Зарфшон воқеъанд, ҳаётан муҳим аст.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар раъси роҳбарону мутахассисони ташкилотҳои марбута аз вазъи соҳилбандӣ дар ин мавзеъ шинос шуда, ба масъулин барои идома додани ин кор дар мавсими камобии дарё дастур дод.
Гуфта шуд, ки соли равон бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар масофаи 700 метр корҳои соҳилбандӣ ба ҷо оварда, ба ин васила беш аз 18 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Ҳоло ҳудуди соҳилбандишудаи дарё дар ин мавзеъ беш аз 1,5 километрро ташкил дода, бо идомаи ин кор имкони азхуд намудани боз 30 гектар замин мавҷуд аст.
Ба ҷамоати деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ, сокинони деҳа ба хотири эмин доштани манзил ва заминҳои кишт аз обхезӣ дастур дода шуд, ки садҳои оббанди мавҷударо мустаҳкам намуда, ҳамчунин соҳилбандиро дар мавзеъҳои нав идома диҳанд.
Дар ин кор ба онҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамаҷониба кӯмак мерасонад.

single