Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > НАВАСКАРОН САВГАНДИ САДОҚАТ ЁД КАРДАНД
single-product

НАВАСКАРОН САВГАНДИ САДОҚАТ ЁД КАРДАНД

2024-11-26 17:10:02

Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақар дар шаҳри Панҷакент дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор шуд.
Онҳо дар ҳузури ҳамхидматон ва волидон дар пешгоҳи саф барои садоқат ба Ватан ва Президент, ҳифзи ин марзу буми муқаддас, фазои сулҳу суботи ҷомеа савганди садоқат ёд намуданд.
Дар маросими савгандёдкунӣ муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода паёми шодбошии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзодаро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ба онҳо ироа намуда, барояшон хидмати содиқона ба Ватан орзу намуд.