Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

Мусобиқаи Бузкашӣ

2022-03-28 07:14:29

Санаи 27 марти соли 2022 ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҷамоати деҳоти Чинор "Бузкашӣ" гузаронида шуд. Чорабинии мазкур дар асоси дастури Раиси влояти Суғд аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи пойга ва бузкашӣ ташкил шуда, дар он човандозон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҷумҳурии ҳамсоя даъват шуданд.

      Муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар суханронии хеш ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба кулли сокинони вилоят ва шаҳр​ табрик намуданд.

Зимни суханронии хеш раиси Федератсияи пойга ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён  паҳлавонони беҳтарини вилоят ва шаҳрро муайян намуда ба онҳо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои пулии федератсияро тақдим кард.

     Дар шаҳри Панҷакент ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи чорвопарварӣ, аз ҷумла соҳаи асппарварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҳамасола ҷиҳати афзун намудани саршумори аспҳои зотӣ тадбирҳо андешида мешавад.​

     Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 марти соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр 907 сар асп парвариш карда мешавад, ки аз он 190 сар дар бахши кишоварзӣ ва  717 сар дар бахши хоҷагиҳои аҳолӣ мебошад.​ 

     Дар ҳудуди шаҳр Федератсияи пойга ва бузкашӣ фаъолият дошта, аъзои он парвариши аспҳои зотии тоҷикиро ба роҳ монда, баробари мусобиқаҳои шаҳриву вилоятӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доранд.​

     Сипас бузкашӣ​ оғоз ёфта, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла як автомобол, яхдон,телевизиору қолин, аспу шутур ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонда шуданд.

single
single
single