КОНСТИТУТСИЯ – РОҲНАМОИ ИСТИҚЛОЛ ВА РУШД
2024-11-05 12:21:17
Дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент бо иштироки доираи васеъи фаъолон, собиқадорон, афсарону сарбозон, ҷавонон 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.
Ҷамъомади тантанавӣ бо ба саҳна ворид намудани Парчами давлатӣ ва тараннуми Суруди миллӣ оғоз шуда, ба ҳозирин матни сухани табрикии муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси кумитаи идораи замини вилоят Толиб Толибзода ироа намуда, ҳамдиёронро бо ин санаи мубораки таърихи навини кишвар раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода муборакбод кард.
Зимни табрикот, аз ҷумла гуфта шуд, ки ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таҳия ва қабули ин санади олии ҳуқуқии кишварро аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ роҳнамоӣ мекарданд, ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид.
Ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида,низоми давлатдорӣ барқарор шуда,таҳким ёфта, барои ҳифзи истиқлол, таъмини амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини сулҳу салоҳ, мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа, шомил шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва сулҳофар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта шуд.
Тӯли 30 – соли баъди қабули Конститутсия Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ, таҳкими низоми давлатдорӣ, сулҳу салоҳ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар корҳои бузурге анҷом дода, ҳоло дар ҳама манотиқи кишвар, аз ҷумла шаҳри Панҷакент, корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи 35- солагии истиқлоли давлатӣ бо маром идома дорад.
Ҷамъомади тантанавӣ бо манзури барномаи рангини ҳунарӣ, ки тараннумгари Ватан, ободкорию созандагӣ ва сулҳу субот буд, хотима ёфт.