ИДОМАИ КОРҲОИ ОРОИШӢ ДАР БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМГОҲ
2024-10-29 14:04:46
Дар бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 75-и деҳаи Косатарош, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва саҳмгузории сокинони деҳа бунёд мешавад, корҳои ороиши даҳлезу синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои маъмурию ёрирасон идома дорад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни боздид ба фаъолон ва сокинони деҳа, ки ба ин корҳо машғул буданд, барои иштироки фаъолона дар бунёди таълимгоҳ изҳори сипос намуд.
Аз онҳо дархост карда шуд, ки барои дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани корҳои боқимонда ва ба қабули хонандагон омода кардани таълимгоҳ талош намоянд.
Бинои нав аз ду қабат, 14 синфхона ва ҳуҷраҳои маъмурию ёрирасон иборат аст.