Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ
single-product

РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

2024-10-29 12:55:10

Ҳамасола санаи 26 октябр дар мамлакат Рӯзи кормандони мақомоти судӣ чун яке аз шохаҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ таҷлил карда мешавад.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода кормандони суди шарҳро ба муносибати иди касбиашон тарик гуфт. Таъкид шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидани ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ пешбинӣ намудааст ва дар ин росто нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар таъмини адолати иҷтимоӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ муҳим мебошад.
Гуфта шуд, ки бо татбиқи сиёсати созандаву инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо адолати судӣ ва иҷтимоӣ таъмин гардидааст.
Ба кормандони суди шаҳрӣ тӯҳфаҳои идонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.