Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > СУХАН АЗ МӮҲТАВОИ КОНСТИТУТСИЯ
single-product

СУХАН АЗ МӮҲТАВОИ КОНСТИТУТСИЯ

2024-10-26 13:16:43

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба ифтихори 30- солагии қабули Конститутсия эълон шудани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар ҳамкорӣ бо прокуратураи шаҳр дар ҷамоатҳои деҳот, корхонаю муассисаҳо силсилаи мулоқоту сӯҳбатҳо баргузор мешаванд.
Аз ҷумла имрӯз дар Кохи фарҳанги шаҳр бо иштироки фаъолони маҳаллаҳои шаҳр ва Ҷамоати деҳоти Чинор чунин як мулоқот баргузор шуд.
Прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи як Искандар Раҳматзода, муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода зимни мулоқот ба ҳозирин таърихи қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро ёдовар шуда, маънию мафҳуми бобу моддаҳои ин санади олии ҳуқуқиро тафсир намуданд.
Гуфта шуд, ин санади олии қонунгузории давлати моро коршиносони байналмилалӣ ба қатори панҷ Конститутсияи беҳтарини давлатҳои ҷаҳон шомил кардаанд ва меъёрҳои он ба стандартҳои байналмилалии ҷавобгӯ аст.
Дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ шуда, бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардида, он тамоми самтҳои фаъолияти сохтору ниҳодҳои давлату давлатдориро танзим намудааст.
Аз ҳозирин даъват шуд, ки риояи қонунҳоро, ки дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурӣ қабул карда мешаванд, дар фаъолияти худ дар авлавият қарор диҳанд.

single