Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА ОЯНДАБИНИИ МИЛЛӢ
single-product

ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА ОЯНДАБИНИИ МИЛЛӢ

2024-10-26 08:02:32

Мардуми форсу тоҷик тайи таърихи тӯлонӣ тавассути таҳоҷуму истеъмори аҷнабӣ, зулму истибдоди дохилӣ, саҳлангории давлатмардону ҳукуматдорон, бехабарию ноогоҳӣ аз вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва динию дунявии замон, нашнохтани ҳадафу мақсадҳои идеологии бегонагон ва билохира рӯйкард ба ҷаҳл, хурофот ва таассуб ранҷу азоби зиёд кашида, ҷисман ва рӯҳан хаста шудааст.

          Албатта, ба шарофати истиқлолият дар марҳилаи навини таърихӣ мардуми тоҷик масири зиндагиро тағйир дода, рӯ ба таҷаддуди фикрию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ниҳода истодаанд, вале ҳоло ҳам ҷомеаи тоҷикӣ аз бандубори хурофоту ҷаҳолат ва таассуби даҳшатовар куллан наҷот наёфта, тадриҷан раванди ташаннуҷи таассубпарастӣ ва ҷаҳолатхоҳии оммавӣ дар Тоҷикистони кунунӣ, мутаассифона, тақвият ёфта, тадовум пайдо карда истодааст.

            Ҳадаф инҷост, ки ҷаҳолат, хурофот ва таассуб ҳамеша ифротгаройиро тавлид карда, василаю абзори муҳими тадовуми беназмию бетартибӣ, бадахлоқию бадандешӣ, кинаю адоват, нафрату бадбинӣ дар ҷомеа гардида, роҳи тараққиёту таҳаввулоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, фикрӣ, фарҳангиро ба таври куллӣ барбаста, мардумро дар тангнои фикрию сиёсӣ қарор дода, ҷониби хирадзудоию варшикастагӣ равона месозад. Агар муруре кӯтоҳ ба таърихи ҷавомеи мусулмон дошта бошем, ба осонӣ дармеёбем, ки аксаран, дар вартаи ҷаҳлу ҷаҳолат қарор доштаанд. Ба унвони намуна метавон гуфтаи сайёҳи франсавӣ Волнейро овард, ки дар садаи ҳаждаҳуми мелодӣ аз Миср дидан намуда, таассуроташро бад-ин тарз ироа доштааст: «Ҷаҳл дар ин шаҳрҳо ому шоеъ аст. Ин шаҳрҳо монанди ғолиби билоди Усмонӣ (Туркия) аст, ки ҷаҳл дар миёни ҳамаи табақоти онҳо русухи комил дорад ва илму адабу ҳунару саноеъ дар онҳо ба баситтарин ва ибтидоитарин сурате боқӣ мондааст, чунонки агар соати шахсе хароб шавад, касеро наметавон ёфт, ки онро дуруст кунад, магар он ки бегона бошад» (ниг.:Ҳалабӣ Алӣ Асғар. Таърихи наҳзатҳои динӣ-сиёсии муосир. Теҳрон: Заввор, 1382.-С.😎.

          Чун ҳадафи навишта ифротгаройӣ ё ба истилоҳ экстремизм аст, суханро аз луғатшиносии мафҳум оғоз мекунем. Экстремизм («extremism» аз лафзи лотинии «extremus» баргирифта шуда, маъноҳои охирин ҳад, ҳадди ниҳоӣ, назари ниҳоӣ ва ифротӣ доштанро далолат мекунад), дар адабиёти сиёсию динӣ, асосан ба маъниҳои дар сиёсат ба назар ва фаъолияти ифротӣ мутамоил будан (см.: Социологический энциклопедический словарь. Редактор –координатор академик Российской академии наук Г. В. Осипов. –Москва: Издательство Норма, 2000. –С.422), дар назар ва ақидаи сиёсӣ ба зиёдаравӣ роҳ додан (см.: Большая Советская Энциклопедия. Том 30. –Москва: Советская Энциклопедия, 1978. –С.19), пайравӣ ба назария ва чорабиниҳои ифротӣ, ифротталабӣ (ниг.: Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Ҷилди 2. –Душанбе, 2010. –С.699) ва ниҳоятан, саъю талоши ҳалли мушкилот тавассути усулҳои тунду радикалӣ, истифодаи тамоми намудҳои зӯроварӣ ва террор барои расидан ба ҳадаф (см.:Павленок П. Д. Краткий словарь по социологии.–Москва:Инфра-М,2001.–С.247) истифода шудааст. Экстремизм дар шакли истилоҳи «ифротгароӣ» дар чанд соли ахир дар маҳдудаи коршиносии ватанӣ мавриди корбурд қарор мегирад.

          Ифротгароӣ аз решаи арабии «фарт» ба маъниҳои пешдастӣ ва аз ҳад даргузаштан, чира шудан, таҷовуз аз ҳадду андоза, зиёдаравӣ, ифрот ва таҷовуз аз чизе (ниг.: Фарҳанги Амид. Ҷилди севум. Таълифи Ҳасан Амид. Теҳрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1381.-С.1826), ҳамчунин дар шакли ифрот ба маъноҳои аз ҳад гузаштан, аз ҳадду андоза таҷовуз кардан, зиёдаравӣ кардан ва умуман, зиёдаравӣ омадааст (ниг.: Фарҳанги Амид. Ҷилди аввал. Таълифи Ҳасан Амид. Теҳрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1381.-С.236).

          Бояд тазаккур дод, ки экстремизм (ифротгаройӣ) бо бунёдгаройӣ (фундаментализм) ва радикализм (тундгаройӣ) ҳукми бародарӣ дошта, ин ҳар се дар якҷоягӣ маҷмӯаи мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва умуман, моддию маънавиро дар маҳдудаи иҷтимоӣ ба вуҷуд меоранд ва саранҷом боиси ҷангу низоъҳои бардавоми бемаънӣ, қатлу куштор, даҳшату ваҳшати мардумӣ мегарданд. Радикал (Radicalisme аз решаи «Radical»-и лотинӣ ба маънои решаӣ, аслӣ, асосӣ, марбут ба решаи як чиз ниг.: Фарҳанги Амид. Ҷилди дувум. Таълифи Ҳасан Амид. Теҳрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1381.-С.1202) пайрави чораҳои ифротӣ ва қатъӣ дар иҷрои амале маҳсуб меёбад (см.: Словарь иностранных слов. –Москва: Русский язык, 1990. –С.423). Дар таърихи тамоми мардуми ҷаҳон усулгаройӣ, тундгаройӣ ва ифротгаройии динӣ-мазҳабӣ берабтӣ ва шикасти бофтҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварда, махуфтарин балоёро сари мардум рехтаанд. Мусаллам аст, ки ҷанг, хунрезӣ ва қатлу ғорат аз ҷумлаи махуфтарин ва палидтарин балоёи мумкин дар радифи зилзила, сел, тоъун, вабо, қаҳтӣ ва хулоса, тирагӣ маҳсуб шудааст (ниг.: Таҳлиле бар ҷанги таҳмилии Ироқ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Ирон. Ҷилди дувум. Теҳрон, 1367. С.1). Ҳама гуна ақоиди бебунёд, ки дар назари пайравонаш таассубан, аслу решаӣ маҳсуб мешавад, ногузир ба ҷангу хунрезӣ мепайвандад. Ин аст, ки мутафаккири маъруфи урупоӣ Волтер дидгоҳи ҷомеъе дар робита бо ҷангу хунрезӣ ироа доштааст: «Сад ҳазор аз ҳамнавъони мукаллои девонаи мо сад ҳазор ҳайвони дасторбасари дигарро барои чанд ваҷаб хок мекушанд… Ин чанд ваҷаб хок ба касе ба номи султон тааллуқ хоҳад гирифт ё ба як нафари дигар, ки маълум нест, чаро қайсараш меноманд»(ниг.: Гастон В. Ҷомеашиносии ҷанг. Теҳрон, 1368. –С.15).

          Сарнавишти миллат дар ҳама давру замон ба кайфият ва чигунагии вазъи ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ бастагӣ дорад. Решаю авомили бурузи ифротгаройӣ ва ба истилоҳ эктремизми динӣ-мазҳабӣ, қабл аз ҳама, дар ақибмондагии саросарии иҷтимоӣ зоҳир мегардад. Ҳар қадар иҷтимоъ мутамоили ҷаҳолату афкори пӯсидаи гузашта бошад, ҳамон қадар хатари ҳама гуна ифроту тафритгарӣ онро таҳдид мекунад. Аз назари коршиносӣ, авомзадагӣ як бемории риққатбор ва андешакуши иҷтимоӣ аст. Сараввал, бояд бемориро аз дарун ҷӯем, чунки дар рӯйи кор омадани ифртгаройиву бунёдгаройии динӣ-мазҳабӣ, беш аз пеш, авомили дарунӣ саҳиманд ва онҳо зиёдтар рӯйи хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ қарор мегиранд. Ҳанӯз дар даврони императории Ҳаҳоманишӣ маҳдудиятҳои табақотӣ ва маҳрумиятҳои иҷтимоӣ салтанат мекарданд ва ин боиси нобовариҳои мардумӣ ва хуруҷи ифротгаройии динӣ (дар мисоли рӯҳонияти зардуштӣ) гардид. Агар дар маҳдудаи давлати Ҳахоманишӣ табақоти иҷтимоӣ, мисли мардуми Юнон, ки мутаносибан дар тавозун ва фазои демократия зиндагӣ мекард, ба сар мебурд, илму фан, бегумон, пеш мерафт (ниг.: Муртазо Ровандӣ. Таърихи иҷтимоии Ирон. Ҷилди аввал. Теҳрон: Амири Кабир, 1354. -С.498). Ҳамин раванд (номутавозинии иҷтимоӣ, истибдоди дохилӣ, рӯҳониятсолорӣ, вопасмондагӣ, хурофотпарастӣ) дар имтидоди давлатдории Сосонӣ, ки зиёда аз чаҳорсад сол салтанат кард, идома ёфт ва ахиран, мунҷар ба шикасти императории қудратманди Сосонӣ аз ҷониби арабҳо гардид (ниг.: Зарринкӯб Абдулҳусайн. Ду қарни сукут. Теҳрон: Сухан, 1381. –С.60).

          Агар истеъмори дохилӣ, аз як тараф, муҷиби ба вуҷуд омадани ифротгаройиву бунёдгаройӣ дар бисёр маворид шуда бошад (ниг.: Ризоқулӣ Алӣ. Ҷомеашиносии нухбакушӣ: таҳлили ҷомеашинохтии бархе аз решаҳои истибдод ва ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Нашри Най, 1377.-С.227-228), аз ҷониби дигар, дар рӯйи кор омадани истибдоди шарқӣ дар манотиқи гуногун дасти авомили ҷуғрофӣ низ мушоҳида мешавад. Ба сухани сареҳтар, мардуми иронитабор ҳанӯз аз қадимтарин замон бар асари вазъи табиӣ ба мушкилот мувоҷеҳ буд (ниг.: Дуронт Вил. Таърихи тамаддун. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1365. –С.413). Камбуди об дар минтақа, гармиии аз ҳад зиёд, саҳронишинӣ ва чодарписандӣ авомилеанд, ки дар Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна ҳамеша домангири иҷтимоъ буданд. Аз ин лиҳоз, истибдоди шарқӣ бештар рӯйи масоили ҷуғрофӣ тамаркуз пайдо мекард ва камбуди об, ки аз силсилаи мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фикрӣ дар минтақа маҳсуб меёфт, асоси зуҳури истибдод ва муомилаю муошироти ифротию радикалӣ дар миқёси олами Шарқи мусулмонӣ талаққӣ мешавад. Ба таъбири дигар, ҳукуматҳои шарқӣ бар мабнои об пайдо мешуданд, дар ҳошияи об ба вуҷуд меомаданд, аммо ҳукуматҳои ғарбӣ дар асоси таззод зуҳур мекарданд (ниг.: Зебокалом Содиқ. Мо чӣ гуна мо шудем: решаёбии илали ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Интишороти Равзана, 1378. -С.101).

          Камбуди об ва гармо – навоқиси иқлимию ҷуғрофӣ боиси дар ҷаҳлу таассуб қарор гирифтани ҷомеаҳо мешуданд (ин авомил имрӯз низ муаассиранд) ва дар натиҷа, хирадбезории иҷтимоъро ба вуҷуд меоварданд. Хирадситезӣ ё ба қавли Абдулҳодӣ Ҳоирӣ, «яксуянигарӣ» дар фазою муҳити кишварҳои исломӣ сабаби бурузи ифротгаройӣ ва ба ин монанд истибдодҳои равонию ҷисмонӣ гардид. Хирадситезӣ ва ҷаҳолатпарастӣ аз замони салоҷиқа дар Дорулислом (Бағдод) падид омада буд ва Ғазнавиёну Салҷуқиён онро идома бахшиданд (ниг.: Зебокалом Содиқ. Мо чӣ гуна мо шудем: решаёбии илали ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Интишороти Равзана, 1378. -С.206). Ба қавли Маҳдӣ Фаршод, фарогирии улуми ғайридинӣ ва фалсафа дар мадориси ҳавзаи хилофат (минҷумла Ирон) мамнӯъ шуда ва фақат омӯзиши матолиби динӣ муҷоз буд (ниг.: Фаршод Маҳдӣ. Таърихи илм дар Ирон. Ҷилди 1. Теҳрон: Амири Кабир, 1365. –С.86-87). Муаррихи маъруфи илм Ҷорҷ Сартон омили уфул ё пастравии илмии муслиминро дар «ойини мадрасӣ» (scholasticism схоластика) дида, дар ин боб навиштааст: «Мардуми Шарқу Ғарб дар маърази озмоиши бузурги ойини мадрасӣ (scholasticism) қарор гирифтанд, мардуми Ғарб аз он бадар омаданд, вале шарқиён шикаст хӯрданд» (ниг.: Сартон Ҷорҷ. Муқаддимаи таърихи илм. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1353. –С.61-62). Ойини мадрасӣ бартарияти улуми илоҳиро бар улуми табиӣ-риёзӣ ва фалсафӣ тасдиқ мекард ва дар натиҷа, сабабгори ақибмондагӣ ва вопасзадагии иҷтимоию фикрӣ гардида, барои ба вуҷуд омадани падидаҳои номатлуби фундаментализм (бунёдгаройӣ), экстремизм (ифротгаройӣ), радикализм (тундгаройӣ), терроризм (даҳшатафканӣ) ва фатализм (тақдирпарастӣ) дар дилхоҳ иҷтимоъ (албатта, иҷтимои вопасмонда дар назар аст) ҳамаҷониба мусоидат карда ва мекунанд.

          Аз лиҳози таърихӣ, танҳо дар замони салатанати чанд амири Аббосӣ вазъияти иҷтимоию фикрӣ тағйир ёфт ва муҳити муътадили фикрию эҷодӣ сохта шуд. Дар давраи амирони Аббосӣ Абӯҷаъфар Мансур (754-775) наҳзати тарҷумаи осори юнонӣ, мисрӣ, ҳиндӣ шурӯъ шуда, ин раванд дар замони Ҳорунаррашид (786-809) ва Маъмун (813-833) густариш ёфта, муносибати амирони Аббосӣ ба илму ҳикмат ва олимону донишмандон муътадил гардид ва шароити бози фарҳангӣ барои тарвиҷи илму фалсафа дар қаламрави хилофат ба вуҷуд омад. Дар ин давра кутуби Уқлидус, Афлотун, Арасту, Буқрот, Ҷолинус ва соири донишмандону файласуфони юнонию румӣ тарҷума шуд ва майдони баҳсу муҷодилаҳои илмӣ-фалсафӣ густарда гардид (ниг.: Сафо Забеҳуллоҳ. Таърихи улуми ақлӣ дар тамаддуни исломӣ то авосити қарни панҷум. Муҷаллади аввал. Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1371. -С.44-45). Вале ин раванд дар давраи амирони минбаъда варшикаста ва роҳи илму маориф аз тариқи омӯзиши улуми фалсафӣ ва табиӣ-риёзӣ баста мешавад. Амир Мутаваккил (847-861) ба аҳли ҳадис ва суннат эътиқод карда, хуни ононеро, ки ба баҳси холиқ будан ё набудани Қуръон иштиғол меварзиданд, мубоҳ кард. Ӯ таълиму тарбияи мутавассити аҳли замма (яҳудиён, масеҳиён, зардуштиён)-ро мамнӯъ эълом дошта, хондани фарзандони ононро дар мадориси мусулмонон қатъиян манъ кард. Ҳамчунин китобфурӯшонро савганд дод, ки китобҳои фалсафӣ ва соири осореро, ки дар хусуси масоили каломӣ ва ҷадалӣ иттилоъ медоданд, нафурӯшанд (ниг.: Султонзода Ҳусайн. Таърихи мадориси Ирон аз аҳди бостон то таъсиси Дорулфунун. Теҳрон, 1364. –С.71). Рӯҳониёни мутаассиб ва ҷаҳолатписанди давр хуб медонистанд, ки омӯзиши фалсафа ва илмҳои фалсафӣ сатҳи огоҳӣ ва эҳсоси пурсишгарии ҷомеаро боло мебаранд ва саранҷом боиси ба ҳошия рондани улуми вомондаи динию мазҳабӣ мегарданд. Бо фаро гирифтани фалсафа ва илмҳои фалсафӣ инсон ба масоили зиндагӣ бо назари интиқодӣ бархӯрд мекунад ва роҳҳои бурунрафт аз мушкилот ва шеваи зиндагии шоистаро дунбол менамояд. Ба ин маъно донишманд ва файласуфи маъруфи англис Бертран Рассел ишора кардааст: «Фалсафа дар саросари таърихи худ аз ду ҷузъ ташкил шуда, ки ба таври ноҳамоҳанг таркиб ёфтаанд: ин ду ҷузъ, яке тафаккур дар бораи моҳияти ҷаҳон аст ва дигаре назарияи ахлоқӣ ё сиёсӣ аст дар бораи беҳтарин шеваи зистан (ниг.: Рассел Бертронд. Таърихи фалсафаи Ғарб ва равобити он бо авзои сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз қадим то имрӯз. Тарҷумаи Наҷаф Дарёбандӣ. Нашри электроникӣ, баҳманмоҳи 1388. –С.620). Аз ин ҷост, ки илму фалсафа василаи асосии тағйироти фикрию эҷодии инсон буда ва дар ниҳоят, инсонсозанд, аммо дар асрҳои миёна ва имрӯз ҳам дар бисёр мамолики мусулмоннишини шарқӣ, мардум аз омӯзиши улуми фалсафӣ имтиноъ меварзанд ва ба домони улулми хурофӣ сахт мечаспанд. Бехабар аз он ки илм василаест, ки тамоми тамаддуни моро бо шитоби зиёд дигаргун месозад (ниг.: Бернол Ҷон. Илм дар таърих. Ҷилдҳои 1-2. –Теҳрон, 1354.-С.26).

          Дурӣ ҷустан ва имтиноъ варзидан аз масоил ва улуми фалсафӣ дар асрҳои миёна пойгоҳи ҷиддие барои ҷулуси ифротгаройӣ фароҳам овард. Бояд ёдовар шуд, ки дар тақвияти ҷараёни ифротгаройиву зиёдарвиии динии асримиёнагӣ саҳми Абуҳомид Муҳаммад Ғазолӣ назаррас аст. Ӯ аз зумраи он мутафаккироне буд, ки дар асрҳои миёна майдони муборизоти шаръиро ба муқобили фалосифа таҳким бахшид. Ғазолӣ дар он рӯзгорон беш аз ҳар касе бо озодандешӣ ва густариши андеша бар пояи тааққул ва истидлол ситез кард ва яксӯнигариро ҷоне тоза бахшид. Юриши саҳмгини Ғазолӣ ба фалосифа ва андешаҳои фалсафӣ, шеваҳои мубтанӣ бар хирад, андеша, истидлол ва жарфнигариро аз густариши фарогир боздошт (ниг.: Ҳоирӣ Абдулҳодӣ. Нахустин рӯёрӯйиҳои андешагарони Ирон бо ду рӯяи тамаддуни буржуазии Ғарб. Теҳрон: Амири Кабир, 1367. –С.131). Ғазолӣ фалосифаро барои он такфир кард, ки онон боиси чолиши фикрӣ ва мунозиоти мазҳаб дар қуруни вусто гардиданд. Бо ин ният вай мутолиоти фалсафиро мамнӯъ сохт. Ғазолӣ навиштааст: «Дар бозии шатранҷ, бо он ки зеҳнро неруманд месозад, мамнӯъ ва маҳзур (мамнӯъ, ҳаром, нораво –Н.Н.) аст ва ҳамчунин аст назар дар илми Уқлидус ва ал-Маҷастӣ (Геометрияи Евклид) ва дақоиқи ҳисобу ҳандаса ва риёзиёт. Дар онҳо, ки хотирро ташҳиз (тез кардан, бурро кардан –Н.Н.) ва нафсро неруманд мекунанд ва бо ин ҳол мо онро ба сабаби як уфт (нуқсон, камбудӣ –Н.Н.), ки дар пай дорад, манъ мекунем, зеро аз муқаддамоти илми авоил (улуми табиӣ) аст, ки мазоҳиби фосиде, ки мутааллиқ бад-ин бошад, вуҷуд надорад, лекин метарсам, ки бад-он мунтаҳо мегардад» (ниг.: Сафо Забеҳуллоҳ. Таърихи улуми ақлӣ дар тамаддуни исломӣ то авосити қарни панҷум. Муҷаллади аввал.Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон,1371. -С.149). Ҷойи дигар навиштааст: «Агар чизе суде танҳо ва зиёнҳое бисёр дорад, ҷойиз нест барои ин як манфиат худро ба зиёнҳои бузург дучор кард, чунонки шароб, лошак, дар таъдили мизоҷ ва тақвияти табъу димоғ ва қимор дар ташҳизи (тезу бурро кардан-Н.Н.) хотир муассир аст ва бо ин ҳол ҳар ду ҳароманд ва ҳатто мудовамат дар бозии шатранҷ» (ниг.: Сафо Забеҳуллоҳ. Таърихи улуми ақлӣ дар тамаддуни исломӣ то авосити қарни панҷум. Муҷаллади аввал. Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон,1371. -С.149). Дар Ғарби императории ислом (Андалус) низ муборизоти зидди улуми фалсафӣ мутадовил шуд ва кор то ҳадде расид, ки бо амри халифаи Уммавӣ Мансур бини Абӣ Омир ба ғайр аз кутуби тиб, ҳисоб, луғат, фиқҳ дигар ҳама китоб сӯзонда ва дар чоҳ афканда шуд (ниг.: Сафо Забеҳуллоҳ. Таърихи улуми ақлӣ дар тамаддуни исломӣ то авосити қарни панҷум. Муҷаллади аввал. Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон,1371. -С.147).

          Мардуми аксари мамолики Шарқи мусулмонӣ бар асари маҳрумияту вобастагиҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маданӣ, иқтисодӣ, ҷуғрофӣ ва амсоли инҳо ба гирдоби тамоюлоти ифротгаройӣ меафтанд ва бо назардошти шароити сиёсӣ домани муборизоти динӣ-мазҳабӣ дар манотиқи шарқӣ густардатар мегардад. Ҷомеашиносони ғарбӣ Карл Маркс, Макс Вебер, Бергер бар ин назаранд, ки маҳрумиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ боиси зуҳури тааҳҳуди мазҳабӣ ва натиҷатан, бурузи экстремизм(ифротгаройӣ)-и динӣ мегарданд. Дар таърихи сиёсии мусулмонон экстремизми динӣ ё ба истилоҳ ифротгаройии динӣ собиқа дорад. Муҳаққиқон таърихи бунёдгаройии исломиро ба давраи зиндагии пайғамбар ва пайравонаш марбут донистаанд ва бунёдгароёни муосири исломӣ худро пайрави усулгароёни аввалия мепиндоранд. Ҷунбишҳои бунёдгароёна ва ифротии исломӣ дар натиҷаи буҳронҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд омадаанд (ниг.: Р.Ҳрайр Декмиҷиян (R. Hrair Dekmgian). Ислом дар инқилоб. Ҷунбишҳои исломии муосир дар ҷаҳони араб. Тарҷимаи Ҳамид Аҳмадӣ.Теҳрон:Интишороти Кайҳон, 1377. –С.32).

          Тайи се қарни гузашта, ислом ва ҷомеаи исломӣ ба буҳронҳои дохилӣ ва берунӣ мувоҷеҳ шуд (пошхӯрии империяи Усмонӣ ва аз ҷониби Урупо мудохилакорӣ дар умури Ирон) ва исломиён ҷавоби ҳалли буҳронро дар бозгашт ба ислом ва усули бунёдӣ медиданд ва дар ин замина, роҳи ҳалли мушкилоти печидаи диниро дар бозгашт ба исломи ноби муҳаммадӣ дида, муборизаро дар шакли тунд ва ифротӣ оғоз бахшиданд. Мувофиқи таъкидоти муҳаққиқон, ин муборизот дар шаклу қолабҳои инқилоби исломӣ дар Ирон; тасхири масҷиди бузурги Каъба дар Арабистони Саудӣ; бурузи нооромиҳо дар устони шарқии Арабистони Саудӣ; муқовимат дар баробари ишғоли Афғонистон аз ҷониби Шӯравӣ; қиём алайҳи режими баъс дар Сурия; мухолифати мусаллаҳона бо режими баъсии Ироқ; террори Анвар Содот-Раисиҷумҳури Миср; ҳамалоти ифтихорӣ ва муборизаи мусаллаҳона алайҳи неруҳои исроилӣ, амрикоӣ ва фарансавӣ дар Лубнон; бурузи нооромиҳо дар Баҳрайн ва бомбгузориҳо дар Кувайт; шӯриш ва тазоҳурот дар Алҷазоир, Тунис ва Марокаш машруъият пайдо намуданд. Ба таври куллӣ, ҷунбиши бунёдгаройии исломӣ, чи дар шакли пайгирона ва чи дар шакли ғайрифаъолаш дорои се вижагӣ мебошад: 1) фарогиранда; 2) чандмарказӣ; 3) мудовамат (ниг.: Р.Ҳрайр Декмиҷиян (R. Hrair Dekmgian). Ислом дар инқилоб. Ҷунбишҳои исломии муосир дар ҷаҳони араб. Тарҷимаи Ҳамид Аҳмадӣ.Теҳрон:Интишороти Кайҳон, 1377. –С.21-22). Наҳваи муборизоти динӣ-мазҳабӣ дар ҷаҳони муосири исломӣ бештар рӯйи таассуби динӣ қарор дошт ва маъмулан калимаи «мутаассиб»-ро бо вожаи «мутатарриф» ё ифротӣ баробар талаққӣ кардаанд (ниг.: Р.Ҳрайр Декмиҷиян (R. Hrair Dekmgian). Ислом дар инқилоб. Теҳрон:Интишороти Кайҳон, 1377.–С.24). Вижагиҳои фарогиранда, чандмарказӣ ва муҳимтар аз ҳама, мудовамати ҷунбишҳои исломии хусусияти ифротгароёнадошта дар тавсеаю густариши низоми ифротӣ дар манотиқи мухталифи даргир дар шаклҳои нав дар шароити феълӣ низ муассиранд. «Ихвон-ул-муслимин», «ал-Қоида», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Ансоруллоҳ» ва соири созмонҳои сиёсии исломӣ дар шароити имрӯзӣ тавлидгари асосии низомҳои ифротӣ-экстремистӣ дар манотиқи Шарқи мусулмонианд. Созмонҳои мазкур на танҳо боиси ташаннуҷи вазъ дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ мегарданд, балки вазъи куллии ҷаҳонро мағшуш месозанд. Ин аст, ки ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ бо ин гурӯҳу созмонҳои махуф мубориза мебарад ва дар ҳар минтақаи рӯшан садо алайҳи ифротгароён баланд аст. Аммо хадамоти махсуси ғарбӣ, ки дар хидмати қудратҳои ҷаҳонӣ қарор доранд, таври ниҳонӣ муассис, маблағгузор ва тавсеадиҳандаи чунин созмонҳо маҳсуб шуда, танҳо дар лафзу шиор алайҳи онҳо мубориза мебаранд.

          Вазъи муосири сиёсию динӣ тақозо мекунад: агар дар низоми сиёсии ҷаҳони имрӯз заиф бошем, ногузир ба вартаи сиёсатҳои хашини динӣ-мазҳабӣ, ки ҳамагӣ дар хурофот ғутидаанд, меафтем ва оқибати он хеле маргбор аст, чаро ки бозии эҳсосоти мазҳабӣ ҳеҷ гоҳ поён намеёбад ва риштаи мудовимати он дар дасти абарқутратҳо буда, ҷомеаҳои аз назари маърифатӣ ва огаҳӣ заифро ҳамеша дар ҳоли ҷангу низоъ қарор медиҳад, то роҳи ҳадафмандии миллӣ ва фарҳангиро дарнаёбанд ва абадуддаҳр бастаю бандаи хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ бимонанд. Мо дар шароите қарор дорем, ки онро шоир (ниг.: Алиакбари Озодӣ мутахаллис ба Гулшан (1901-1974) рӯзноманигор, шоир ва нависандаи муосири иронӣ манбаъ: Викигуфтоварди форсӣ: www. Gugl.com) ин тавр ба риштаи тасвир баркашидааст:

Бирав қавӣ шав, агар роҳати ҷаҳон талабӣ,

Ки дар низоми табиат заиф помол аст.

Ё, дақиқтарашро Бедили Деҳлавӣ арз доштааст:

Оқибати ин маърака оҷизкушӣ аст,

Зинҳор ин ҷо нотавон манмоӣ.

          Дар воқеъ, сарнавишти миллати мо дар раванди ифротгаройии динӣ рӯйи хатари ҷиддӣ қарор дошта, он дар ҳоли ҳозир ва минбаъд давлати Тоҷикистон ва ҷомеаи тоҷикиро ба мушкилоти азим мувоҷеҳ месозад. Хатар, пеш аз ҳама, инҷост, ки пояҳои ниҳодҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ, маърифатӣ ва фарҳангии мо аз назари сатҳи огаҳӣ ва бинишмандӣ хеле заиф ба назар мерасанд ва ин ақшор байни худ дар таноқузи огоҳона ва ноогоҳона қарор гирифта, ҳанӯз ба сатҳи иттиҳоди миллӣ ва тафоҳуми фарҳангӣ нарасидаанд. Ин аст, ки бояд решаҳои мушкилро дар зиндагӣ ва зеҳни хеш ҷустуҷӯ намоем, онҳоро бозшиносӣ кунем ва баъдан дар пайи дармонашон гом бардорем. Ҷомеашиносон муътақиданд, ки мо зоидаи фарҳангамон ҳастем, бинобар ин, нақш ва аҳамияти фарҳанг дар шаклгирии диду назари умумии ҷомеа калидӣ аст (ниг.: Лодан Амир Ҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ. Мубориза барои адолат, озодӣ ва мардумсолорӣ. –Лос-Анҷелес, 2014. -С.16). Бо таваҷҷуҳ ба ин, шинохти фарҳанги бумӣ, костиҳои фикрию маданӣ, камбуду навоқиси равонию ахлоқӣ, омӯзишу арзёбии илмӣ ва мантиқии равандҳои муосири сиёсӣ ва геополитикӣ ва билохира ояндабинии миллӣ имкон фароҳам меоварад, ки сатҳи хатарҳои минтақавӣ ва глобалӣ коҳиш ёбад ва миллат дар масири дурусти сиёсӣ, иҷтимоӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ ҳаракат кунад. Дар зимн, ҷомеаи мо, бо он ки дар садаи муколамаи инсону кайҳон қарор дорад, мутаассифона, суннатӣ, ақибмонда ва вопасгарост. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ниҳодҳои маърифатӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва фарҳангиро зарур аст, ки барои ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи хурофоти динӣ-мазҳабӣ (ки аз рӯйи таҷриботи таърихӣ, одатан дар шакли ифротию тафритӣ буруз мекунад) бо ҳам даст диҳанд ва ба ин восита дар ҳамбастагии миллӣ ва мубориза алайҳи бунёдгаройӣ, тундгаройӣ ва экстремизми динӣ-мазҳабӣ саҳми арзанда бигиранд.

                                                                   Нурзода НОЗИМ, корманди АМИТ