24 ОКТЯБР- РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД.Давоми 32 соли узвият 7 ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон қабул шуда, мавриди амал қарор дорад
2024-10-25 08:07:13
ДУШАНБЕ, 24.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 24 октябр Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид таҷлил мегардад. Ин сана ба эътибор пайдо намудани Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, ки 24 октябри соли 1945 қабул гардидааст, иртибот дорад.
Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015 тасдиқ шудааст, омадааст, ки «ислоҳоти фарогири Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Шурои Амнияти он барои мутобиқ гардонидани фаъолияти ин созмон ба ниёзҳо ва воқеияти ҷаҳони имрӯза тақозои замон аст. Таъмину пуштибонии манфиатҳои миллӣ ва пешбурди фаъолонаи ташаббусу иқдоми созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, муассиса ва ниҳодҳои тахассусии он, ҳамчунин саъю талош барои касби узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомот ва сохторҳои интихобии Созмони Милали Муттаҳид яке аз вазифаҳои калидии сиёсати хориҷии мамлакат маҳсуб мешавад».
Ба андешаи коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Саидов, ҳар даъват аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, албатта, моро водор месозад, ки бори дигар ба таърих ва таъсиси ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ бо назари нек нигарем. «Созмони Милали Муттаҳид барои таъмини афзалияти меъёрҳои ҳуқуқӣ дар умури байналмилалӣ нақши муассир мегузорад. Созмони Милали Муттаҳид садҳо эъломияҳо, аҳдномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ ба тасвиб расонид, ки ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, тиҷорати байналмилалӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва амсоли инҳо нигаронида шудаанд»,-изҳор намуд ӯ.
Ҳоло зиёда аз 194 давлати дунё, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Созмони Милали Муттаҳид мебошанд. Қароргоҳи Созмон шаҳри Ню-Йорки Амрико аст. Шаш забони дунё — англисӣ, арабӣ, испанӣ, чинӣ, русӣ ва франсузӣ забони расмӣ ва коргузории Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд. Риояи ҳуқуқи башар, таъмини ҳаёти осоишта, сулҳу субот ва амнияти ҷаҳон, ҳалли низоъҳои байналмилалӣ ва мушкилоти сайёра, таъмини ҳамкорӣ байни кишварҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти давлатҳои гуногуни сайёра аз ҳадафҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид мебошанд.
Ҳамзамон фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид тамоми масъалаҳои глобалӣ- шуруъ аз мубориза бо терроризму экстремизм, бемориҳои гуногун, масъалаҳои экологӣ, тағйирёбии иқлим, ғизои солим ва ғайраро фаро мегирад. Масъалаҳои глобалӣ дар ҷаласаи Маҷмаи кулл, Шурои амният, шуроҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ ва ҳал мегарданд. Аз моҳи феврали соли 2017 Антониу Гутерриш (Португалия) номзад аз Шурои амният Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
2 марти соли 1992 дар иҷлосияи 46-уми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид Эъломия дар бораи қабули Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид якдилона қабул шуд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон расман узви Созмони Милали Муттаҳид гардид. Бори нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 аз минбари баланди ин созмони байналмилалӣ сухан намуда, ба аҳли ҷаҳон ҳадафҳои неку созанда ва сулҳдӯстонаи Тоҷикистони мустақилро ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ расониданд.
Тавре коршинос зимни суҳбат баён дошт, Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 32 соли ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои муҳим, бахусус дар масъалаҳои обро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тавассути ин созмони калидӣ амалӣ намудааст. «Тоҷикистон уҳдадориҳои собитшударо дар самти ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об доро мебошад. Ҳамчун давлати узви Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон дар пешбарии қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз қабили «Соли байналмилалии оби тоза», «Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025», «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» ва «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» нақши муҳим бозидааст. Тоҷикистон ҳамчунин ба ҳайси мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 дар таблиғи рӯзномаи об нақши калидӣ бозид ва пас аз тақрибан 50 сол музокироти сатҳи баланд дар бораи оби тозаро идома дод»,-изҳор намуд Саид Саидов.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш зимни сафари расмиаш ба Тоҷикистон кӯли Сарезро, ки яке аз манбаъҳои бузургтарини оби ошомиданӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, тамошо намуда, аз зебоиҳои нотакрори табиат ва кӯҳҳои Помир дар ҳайрат монд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро мамлакати зеботарини ҷаҳон номида, гуфт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбаафлок, қуллаҳои барфпӯш, обҳои ширину мусаффо ва табиати дилфиребаш дили ҳар бинандаро тасхир мекунад. Шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин мамлакати зебо ва табиати нотакрор доред».
Зимни сафар ба Тоҷикистон Антониу Гутерриш бори дигар кишварҳои ҷаҳонро ба тақвият додани мубориза ба муқобили тағйирёбии иқлим даъват намуда, изҳор дошт, ки инсоният дигар ҳаққи аз даст додани фурсатро надорад. Ба Антониу Гутерриш зимни тамошои кӯли Сарез пешниҳод ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби мусаффои кӯли Сарез барои кишварҳои минтақа муаррифӣ карда шуд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои баланд дода, иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 муҳим ва башардӯстона арзёбӣ намуд.
23 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки равандҳои пуртазоди геополитикӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани «ҷанги сард», низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт. Ба андешаи Сарвари давлат, дар ин замина муттаҳидсозии талошҳои муштараки ҷомеаи байналмилалӣ бо мақсади ҳифзи амнияту субот ва таъмини рушди устувор беш аз ҳар вақти дигар зарур мебошанд.
Ҳамзамон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки роҳбарони давлатҳоро зарур аст атрофи ҳадафҳои умумӣ бо мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми кураи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шаванд. «Вақти он расидааст, ки имрӯз мо аз иқдоми муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем»,-баён доштанд Пешвои миллат.
Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба вазъи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳон ҷалб намуда, изҳор доштанд, ки тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мегардад, ки ин раванд ба бахшҳои воқеии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, саноат ва кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Ба андешаи Саид Саидов, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси уҳдадориҳои байналмилалии худ яке аз ташаббускорони роҳи ҳалли муваффақонаи мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим ва рушди иқтисоди «сабз» мебошад, ки дар навбати худ зарурати рушди энергияи «сабз»-ро ба миён меорад. «Бо назардошти ин воқеият мамлакати мо Стратегияи рушди иқтисоди «сабз»-ро барои солҳои 2023-2037 қабул намуда, мавриди татбиқ қарор додааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 дарсади неруи барқро аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ ҳосил намуда, аз ҷиҳати манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Ҳадаф аз татбиқи нақша дар ин самт то соли 2037 ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон мебошад»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз