ИШТИРОК ДАР РӮЗИ ШАҲРИ САМАРҚАНД
2024-10-21 10:16:38
Бо даъвати ҳокими шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар раъси як ҳайат ба шумули соҳибкорон ва аҳли фарҳанг дар тантанаҳо бахшида ба Рӯзи шаҳри Самарқанд, ки рӯзи 18 октябр баргузор шуд, иштирок намуданд.
Ҳайати шаҳри Панҷакентро дар гузаргоҳи сарҳадӣ намояндагони шаҳрдории Самарқанд пазироӣ карданд.
Тантанаҳо бахшида ба Рӯзи шаҳри Самарқанд, ки дар он намояндагони бародаршаҳрҳои ин шаҳри бостонӣ аз мамолики гуногун иштирок доштанд, бо маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Амир Темур оғоз ёфт. Дар ҳамин ҷо ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ва ҳокими шаҳри Самарқанд Фазлиддин Умаров раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва ҳайати ҳамроҳонашро пазироӣ намуданд.
Дар сӯҳбат иброз шуд, ки муносибатҳои гуногунҷабҳаи дӯстонаи ду ҷумҳурии ҳамсоя ба шарофати сиёсати пешгирифтаи роҳбарони кишварҳо - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба сатҳи комилан нав баромада, ҳоло чун намунаи равобити неки ҳамсоягӣ ва ҳалли масоили гуногун дар минтақа ва ҷаҳон баҳогузорӣ карда мешавад.
Ба ифтихори Рӯзи шаҳр дар хиёбонҳои шаҳри Самарқанд намоиши васеи маҳсулоти хурокворӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии сокинони бумӣ ва марказҳои фарҳангии миллии он ташкил карда шуда, барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ баргузор шуданд, ки ҳайати шаҳри Панҷакент аз он дидан намуд.
Зимни иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ намояндагони шаҳри Панҷакент бо фаъолияти Академияи сайёҳии шаҳри Самарқанд,ки барои ба омӯзиш ва бозомӯзӣ фаро гирифтани кормандони соҳа ҳама шароити зарурӣ фароҳам шудааст, ширкатҳои истеҳсоли қолину матоъҳои пахтагӣ, картону маҳсулоти бастабандӣ, коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти металлӣ дар шаҳри Самарқанд дидан намуданд.
Ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти ин корхонаҳо имкониятҳои роҳандозии ҳамкориҳо бо соҳибкорони шаҳри Панҷакент, ташкили корхонаҳои муштарак ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои иқтисодӣ матраҳ шуда, чунин боздидҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи иқтисодӣ ва фарҳангӣ муфид арзёбӣ шуд.