СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент хониши сиёсӣ доир шуд
2024-10-19 15:45:36
ДУШАНБЕ, 19.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо иштироки олимону кормандони Иститути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 ва ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон имсол 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Соли 1994 бо ибтикор ва ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади сарнавиштсози миллат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар раъйпурсии мардумӣ қабул шуд.
Тоҷикистон таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи қабули Конститутсия ба эъмори Тоҷикистон шуруъ намуда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби мақому мавқеи арзанда гардид.
Мақсад аз баргузор намудани хониши сиёсӣ байни ҷавонону донишҷӯён, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифат, шуур ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намудани онҳо мебошад.