Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ ДАР НӮҲ МОҲ
single-product

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ ДАР НӮҲ МОҲ

2024-10-11 13:53:20

Имрӯз натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Панҷакент дар нӯҳ моҳи соли равон дар заминаи дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар маҷлиси фаъолони шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода баргузор шуд, муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо иштирок намуд.
Муовини раиси шаҳр Эркин Хушвақтзода дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ маърӯза кард.
Аз ҷумла, таъкид шуд, ки дар ин давра ҷиҳати татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2021-2025” як қатор корҳо ба иҷро расида, нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 98,4 фоиз иҷро гардида, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 101,5 фоиз таъмин карда шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра баробари 112 фоиз таъмин гардида, якҷо бо хизматрасонии пулакӣ ба зиёда аз 4,2 миллиард сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 456 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ҳамчунин истеҳсоли 23 номгӯй маҳсулоти саноатӣ афзуда, 8 коргоҳи истеҳсолӣ ташкил карда шудааст.
Қайд шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёда аз 1,6 миллиард сомонӣ расонида, аз ҷумла 33919,4 тонна ғалла, 56335,4 тонна картошка, 65166,1 тонна сабзавот истеҳсол шудааст,ки нисбат ба ҳамини давраи соли пешин бештар буда, дар майдони 2604,5 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.
Тибқи нақша ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1000 иншооти таъиноти гуногун бунёду азнавсозӣ мешаванд ва то охири нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 508 иншооти таъиноти гуногун ба маблағи беш аз 2,6 миллиард сомонӣ ба истифода дода шуда, ҳоло кор дар беш аз 40 иншооти ҳаҷман калон, аз ҷумла 35 биноҳои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ идома доранд.
Дар ҳисобот ҳамчунин вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хидматрасонӣ, сайёҳӣ, кор бо занону бонувон ва дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр таҳлил шуда, аз ҷумла қайд шуд, ки бо талошҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷалби техникаю механизмҳо оқибатҳои офатҳои табиии охири моҳҳои июн-июл асосан бартараф карда шуданд.
Зимни баррасии маърӯза муовини раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳр аз масъулони соҳаҳо, роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо пурсиш ба амал оварда, таваҷҷӯҳи онҳоро ба беҳдошти корҳо, таҳлили вазъи воқеии соҳаҳо, эътибори ҷиддӣ ба тақвияти корҳои тарғиботӣ, ислоҳи нуқсонҳои ҷойдошта, бо нишондиҳандаҳои хуб ҷамъбаст намудани соли равон, ки марҳилаи муҳими омодагӣ ба 35-умин солгарди истиқлоли давалатии кишвар аст, ҷалб карда шуд.

single
single