МУЛОҚОТ БО ИНТИХОБКУНАНДАҲО
2024-10-09 15:06:16
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент тибқи реҷаи муайяннамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд раиси шаҳри Панҷакент, вакили Маҷлиси вилоятӣ аз ҳавзаи интихоботии Панҷакент, 23, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо намояндагони интихобкунандагон мулоқот баргузор намуд.
Зимни гузориш оид ба корҳои ба иҷрорасида дар доираи барномаи пешазинтизоботии вакил ва посух ба саволу дархости интихобкунандагон таваҷҷӯҳи онҳо ба муқаррароти Қонунҳо “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар таҳрири нав қабул шудаанд, иштироки фаъолона дар ободу зебо ва тозаю озода намудани маҳаллаҳои шаҳр ҷалб карда шуд.
Дар мулоқот ба саволу дархостҳои интихобкунандагон посух гуфта шуд.