Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
single-product

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

2024-10-05 12:06:30

Имрӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент бо иштироки доираи васеъи аҳли зиё, адибону рӯзноманигорон, омӯзгорон ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд.
Ҳозиронро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр табрик намуд.
Аз ҷумла, қайд шуд, ки забони тоҷикӣ ба таъкиди Асосгузори сулҳу вҷаҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҳастии миллат ва нишони муҳимтарини давлатдорӣ буда, бо ин забони ноб дар дарозои таърих бузургтарин осори адабию илмӣ, шоҳкориҳои адабиёт эҷод шуда, он ба рағми ҳама ҷангҳову кашмакашҳо, забткориҳои аҷнабиён, дигар шудани дину оин асолати таърихиашро нигоҳ дошт, зиндаю побарҷо боқӣ монд.
Баъди ба истиқлол расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду нумӯи забони тоҷикӣ, тозаю беолоиш нигоҳ доштани он тадобири зиёде андешид, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири нав, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030", таъсиси ниҳоди давлатӣ оид ба забон ва истилоҳот ва санаи 5 октябр ҳамасола таълил намудани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо аст.
Дар фарҷом барои иштиркчиёни ҷамъомад барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешкаш карда шуд.
Зимнан, дар ҳама муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳои шаҳр бо баргузории ҷамъомад, конфронсу нишастҳои адабӣ- фарҳангӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

single
single