Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОР

2024-10-04 16:52:44

Имрӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент бо иштироки доираи васеъи кормандони соҳаи маориф, собиқадорон, сарварон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи омӯзгор таҷлил карда шуд.
Омӯзгоронро бо иди касбиашон ва Рӯзи забони давлатӣ, ки пагоҳ дар мамлакат таҷлил карда мешавад, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, намояндаи раёсати маорифи вилояти Суғд, директори маркази таълимию методии раёсати маориф Бахтиёр Сарҳадов муборакбод намуданд.
Зимни табрикот, аз ҷумла таъкид шуд, ки таҷлили Рӯзи омӯзгор дар кишвар шаҳодати он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшу ҷойгоҳи омӯзгорон ва устодони арҷмандро дар тарбияи насли ояндасози кишвар, боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа сазовор арҷгузорӣ менамоянд ва рушди соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат меҳварӣ дониста, сармоягузорӣ ба неруи инсонӣ, ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ба рукни муҳими сиёсати давлат дар соҳаи маориф табдил ёфтааст.
Ин маънӣ дар суханрониии пурмӯҳтавои Пешвои муаззами миллат имсол дар Рӯзи дониш бори дигар таъкид шуд.
Аз ҷумла, ҳоло наздик ба 60 дарсади буҷети маҳаллӣ барои таъмину рушди соҳаи маориф равона шуда, дар маҷмӯъ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, ки ҳоло шумораашон дар шаҳр ба беш аз 4,7 ҳазор нафар мерасад, 21 маротиба баланд бардошта, даҳҳо муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд шуда, ин раванд пайваста идома меёбад.
Ба ифтихори Рӯзи омӯзгор гурӯҳи калони кормандони соҳа, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишкадаи омӯзгорӣ ва коллеҷҳои шаҳр бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сипосномаҳои раёсати маорифи вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, шуъбаи маориф ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Дар фарҷом барои иштирокчиёни ҷаласа барномаи ҷолиби ҳунарии санъаткорони шаҳр пешкаш карда шуд.

single
single