ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ : НАҚШАИ ДАЪВАТ БА ХИДМАТИ ҲАРБӢ ДАР РӮЗИ АВВАЛ БА ИҶРО РАСИД
2024-10-01 16:58:22
Имрӯз – дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Панҷакент дар вилояти Суғд нахустин шуда, нақшаи даъватро ба иҷро расонид.
Дар саҳни майдони муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо иштироки фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, падару модарон ва наздикони наваскарон маросими гусел баргузор шуд.
Зимни суханронии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссияи шаҳрии даъват, комиссариати ҳарбии шаҳр, ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони соли таваллуди 1997 – 2006” корҳои зиёди тарғиботӣ ва ташкилию сафарбариро ба иҷро расониданд.
Ин тадбирҳо имкон фароҳам оварданд, ки то рӯзи нахусти даъвати тирамоҳӣ 428 нафар ҷавонони синни даъватӣ аз комиссияи тиббӣ гузашта, аз ҷумла, 270 нафар ба таҳсил дар мактаби ронандагии Ташкилоти мададгори мудофиа ба таҳсил фаро гирифта шуданд ва даҳҳо нафар ҷавонон ихтиёран хидмати Модар – Ватанро интихоб намуданд.
Дар маросими гусел наваскарон, волидони онҳо сухан карда, садоқаташонро ба Ватан, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд.
Ба даъватшавандагоне, ки мактаби ронандагии Ташкилоти мададгори мудофиаро хатм намудаанд, ҳуҷҷати ронандагӣ, ба онҳое, ки дар иҷрои нақшаи даъват саҳми бориз гузоштаанд, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.
Барномаи рангини ҳунарӣ, ки тараннумгари садоқат ба Ватан, ҷасорату матонат буд ва маросими анъанавии насибагирӣ анҷомбахши маросими нахустини гусели наваскарон ба хидмати ҳарбӣ буд.
Дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳӣ бо фотиҳаи волидон ва зери навои мусиқӣ гурӯҳи аввалин иборат аз 364 нафар ҷавонони шаҳри Панҷакент ба хидмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.