ДАР ПАНҶАКЕНТ СОХТМОНИ БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ОҒОЗ ШУД,
2024-09-30 09:31:28
ДУШАНБЕ, 29.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Панҷакент сохтмони Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.
Муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ, ки дар даромадгоҳи шарқии шаҳр ҷойгир аст, навсозӣ мешавад. Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ бо тарҳи нав пешбинӣ шуда, ба назар чун асбоби мусиқии тор менамояд.
Боғ аз майдони пазироӣ оғоз шуда, бинандагон ба он тавассути дарвозаи муҳташам бо баландии 8 ва дарозии 14 метр, ки бо услуби меъмории миллӣ ва сутунпояҳои бузурги мармарин, нақшу ороиши миллӣ, намои муҷассамаҳои паҳлавонони достонҳои безаволи «Шоҳнома» оро дода мешавад, ворид мешаванд.
Дар лоиҳа бунёди майдони даврашакл бо ҳудуди 30 метр ва сутунҳои гаронҳаҷми болордор бо рӯпӯш аз сангҳои мармарини ватанӣ ба назар гирифта шудааст.
Болотар аз майдон муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ бо баландии 5,5 метр қомат меафрозад. Баландии зерпояи муҷассама 6,2 метр буда, дар паҳноии 3,4 метр бо сутунҳои зебо бо тарҳи таърихӣ ва навиштаҷоти «Абулқосим Фирдавсӣ» бо ду забон пешбинӣ гардидааст.
Аз қисмати чапи он муҷассамае аз разми Рустам бо Сӯҳроб аз достони ҳамноми «Шоҳнома» гузошта, дар қисмати дигари боғ ду ҳайкали аспи саманд чун тимсоли аспи Рахш ва дигар аспони ҷангии дар ин асари безавол тасвиршуда гузошта мешаванд.
Дар атрофи муҷассама фаввораҳои зебо бо нишастгоҳҳои чӯбину мармарин ва суҳбаткадаи бузурги мармарин барои қироати «Шоҳнома», яъне «Шоҳномахонӣ» ба инобат гирифта шудааст.
Ҳамаи ин дар маҷмуъ маҷмааи ягонаи меъморӣ –фарҳангӣ-маърифатиро ташкил медиҳад ва бо бунёди он ба руҳи бузурги муаллифи «Шоҳнома»-и безавол чун тимсоли дӯст доштани Меҳан, ҳифзи марзу буми муқаддаси он, боло бурдани эҳсоси худшиносию ватандӯстӣ ва хизмати мондагори Пешвои миллат дар роҳи эҳё ва бузургдошти таърихи ғановатманди миллат арҷ гузошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои арҷгузорӣ ва бузургдошти фарзандони барӯманди миллат корҳои шоиста анҷом дода мешаванд.
Дастури Пешвои миллат дар бораи нашри «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва ба ҳар оила тақдим намудани он аз ҷумлаи ин ибтикороти ватандӯстона ба хотири тақвияти худшиносии миллат мебошад.