Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > Сафари кории Вазири Саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
single-product

Сафари кории Вазири Саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022-03-28 07:14:29

 Соҳаи саноат дар иқтисодиёти ҳар як кишвар нақши муҳим дорад, зеро рушди соҳаи саноат дар таъмини иқтидори захиравии иқтисодиёт ва равандҳои такрористеҳсолии он, фароҳамсозии вазъи устувори иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи некўаҳволӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши калидӣ мебозад. Аз лиҳози муҳимияти соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти миллӣ дар марҳилаи муосир аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳамчун ҳадафи миллӣ ба мақоми аввал гузошта мешавад. Ин аст, ки солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон шуд. 

        Санаи 25-26-уми марти соли равон Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи саноат ба шаҳри Панҷакент ташриф овард. 

        Дар ҷараёни сафар Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо вазъи фаъолияти ҶДММ КМ "Зарафшон" ва корҳои сохтмонӣ шинос шуд. Гуфта шуд, ки дар назди ин корхона ҶДММ "Маводи ба фарсудашави тобовар"  ба фаъолият оғоз менамояд, ки ба истеҳсоли саққо машғул аст. Аслан ин маҳсулот барои қимма кардани санг лозим буда, қаблан аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд дастрас мегардид. 

        Дар маркази хизматрасонии “Убайдулло”, коргоҳҳои дўзандагӣ, мағозаи фурўши сару либоси мактабӣ, маркази дандонпизишкӣ ва коргоҳи мебелбарорӣ ба истифода супорида мешавад. Ба Шералӣ Кабир иттилоъ доданд, ки бо истифодадиҳии иншоотҳои мазкур зиёда аз 100 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад. Аз ҷумла, 70 нафар дар коргоҳҳои дӯзандагӣ, 40 нафар дар мағозаҳои фурӯши сару либоси мактабӣ ва  дар коргоҳи мебелбарориву маркази дандонпизишкӣ фаъолият менамоянд.

Ҳамзамон, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Мармари Саразм”, ҶДММ "Парандис" ва Ҷамъияти Дорои масъулияти маҳдуди "Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент Лимитед" дидан  намуда, ба масъулин барои бартараф намудани муаммоҳо машварату дастур дод.

single
single
single