Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БИНОҲОИ НАВИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДАНД
single-product

БИНОҲОИ НАВИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДАНД

2024-09-06 17:23:16

Имрӯз, дар арафаи ҷашни 33-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Ҳукумати мамлакат Қобилҷон Хушвақтзода- Президенти Академияи миллии илмҳо, Равшан Каримзода- муовини вазири маориф ва илм, Даврон Зоҳидзода- муовини раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва омӯзгорону хонандагон имрӯз се иншооти соҳаи маорифи шаҳр, ки дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ин ҷашни бузург бунёд шудааанд, мавриди истифода қарор дода шуд.
Нахуст дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 109-и деҳаи Некноти нави Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ майдончаи варзишии ҳозиразамон ва тамрингоҳ, ки бо саҳмгузории соҳибкорон ва сокинони деҳа бо маблағи 300 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор гирифт.
Баъдан, дар деҳаи Дашти Ҷамоати деҳоти Сӯҷина бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 69 , ки аз ду қабат ва 14 синфхонаи барҳаво барои қабули 700 хонанда дар ду баст, ҳуҷраҳои омӯзгорон ва ёрирсон иборат буда, бо харҷи беш аз ду миллион сомонӣ бунёд шудааст, ба истифодаи хонандагону омӯзгорон вогузор шуд.
Ин рӯз ҳамчунин бинои иловагии таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55-и деҳаи Яккасадаи Ҷамоати деҳоти Саразм, ки иборат аз 10 синфхона барои фарогирии 500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, ба истифода дода шуд.
Биноҳои нав бо мизу курсӣ, тахтаҳои синфӣ, синфҳои компутер ва дигар ҷиҳози таҳсил ва асбобҳои аёнию шиору овезаҳо таҷҳизонида шудаанд.
Дар маросими ифтитоҳи ин биноҳои таълимӣ ва иншооти варзишӣ, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории сокинон бунёд карда шудаанд, ба ташаббуси соҳибкорон ва аҳли ин деҳаҳо баҳои баланд дода, он ҷавоби амалӣ ба ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рӯ овардан ба соҳаи маориф ва рушди таълиму тарбияи насли ҷавон унвон карда, як маҷмӯъ компутар чун тӯҳфаи Пешвои муаззами миллат тақдим карда шуд.
Зимни боздид намояндагони Ҳукумати мамлакат ҳамчунин аз рафти бунёди бинои нави мактаб дар деҳаи Косатарош дидан намуда, ба иқдоми сокинони деҳа баҳои баланд доданд

single
single