Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > МАРКАЗИ СӮЗАНИДӮЗИИ “БИБИНИСО” СОҲИБИ ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ШУД
single-product

МАРКАЗИ СӮЗАНИДӮЗИИ “БИБИНИСО” СОҲИБИ ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ШУД

2024-09-02 16:34:46

       Нахустин Маркази сӯзанидӯзӣ дар шаҳри Панҷакент - “Бибинисо” дар озмуни довталабони гранти Президентӣ иштирок намуда, соҳиби 30 ҳазор сомонӣ гардид.
       - Ман аз дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфарозам ва ин маблағ барои зиёд намудани намунаи сӯзанӣ, ки аз ҳунарҳои қадимаи бонувон аст ва ба омӯзиш фаро гирифтани наврасону ҷавонон истифода хоҳад шуд,- мегӯчд роҳбари марказ Бибинисо Раҳмонова.
       Намуна ва усулҳои гуногуни ҳунари сӯзанидӯзии дастӣ дар шаҳри Панҷакент таърихи тӯлонӣ дорад ва имрӯз низ садҳо нафар бонувон ба он машғул ҳастанд. Дар марказ барои ба омӯзиши ҳунари сӯзанидӯзӣ фаро гирифтани духтарон ҳама шароит муҳайё карда шудааст
         Зимнан, дар шаҳри Панҷакент дар доираи « Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2021-2025» бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр имсол нахустин марказҳои ҳунармандӣ - Маркази сӯзанидӯзӣ ва Маркази кулолгарӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. .

single
single