ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ВА РӮЗИ ДОНИШ БО ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
2024-09-02 07:41:12
Субҳи имрӯз дар ҳамаи муассисаи таҳсилоти миёна ва асосӣ, донишкадаи омӯзгорӣ, коллеҷҳои омӯзгорию тиббӣ ва литсеи касбӣ- техникии шаҳри Панҷакент соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш бо баргузории ҷамъомадҳои тантанавӣ, иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, тамошои дастҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи навбунёди таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и шаҳри Душанбе оғоз шуд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода паёми табрикии раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба оғози соли нави таҳсил қироат намуд.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода устодону донишҷӯёни донишкадаро бо оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш муборакбод гуфта, аз ҷумла таъкид дошт,ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат самти меҳварӣ унвон карда, аз рӯзҳои аввали ба истиқлол расидани кишвар барои роҳандозии ислоҳоти густурдаи соҳа корҳои азимеро оғоз бахшиданд ва дар тӯли солҳои истиқлол барои таҷдиди пойгоҳи моддӣ- техникии соҳа иқдомҳои созанда оғоз шуда, садҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаю асосӣ, миёнаи махсус ва олӣ, кўдакистонҳои нав сохта, барномаҳои ҳадафноки соҳа роҳандозию мавриди амал қарор гирифтанд.
Дар ин раванд, дар шаҳри Панҷакент бо сармоягузорӣ аз манбаъҳои гуногун давоми 33 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон 47 бинои нави муассисаҳои таълимӣ ва 82 синфхонаҳои иловагӣ бо 9883 ҷойи нишаст мебошанд, сохта шудааст.
Аз ҷумла, дар се соли охир дар шаҳру деҳоти Панҷакент 7 бинои нави таълимӣ, дар назди муассисаҳои таълимӣ 41 синфхонаи иловагӣ сохта, ҳоло сохтмони боз 148 синфхона, 3 бинои нави муассисаи таълимӣ бо маблағгузории буҷети вилоят, саҳмгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорону шахсони саховатпеша идома дорад.
Хонандагон бо либоси мактабӣ таъмин ва муассисаҳои таълимӣ таъмир шуда, онҳо барои мавсими тирамоҳу зимистони оянда низ омода карда шуданд. Имрӯз ҳамчунин 7б00 нафар кӯдакон бори нахуст ба остонаи мактаб қадам ниҳоданд.
Гуфта шуд, ки дар омода намудани омӯзгорони дорои таҳсилоти олӣ саҳми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент низ назаррас аст ва ҳоло ин ҷо беш аз 2000 нафар омӯзгорони оянда аз тариқи рӯзона ва фосилавӣ таҳсил менамоянд.
Дар ин рӯз дар коллеҷи технологӣ- иноватсионии назди донишкада китобхона бо махзани ғании китобҳои илмию бадеӣ ва даҳҳо ҳазор китобҳои электронӣ, 20 компутери ба хати интернет пайваст ифтитоҳ карда, намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои мактабӣ, ки дар коргоҳи назди донишкада истеҳсол ва ба донишҷӯён омӯзонида мешавад, ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дар ҳамаи муассисаҳои таълими шаҳр рӯзи аввали соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш бо тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дарси сулҳ шурӯъ гардида, омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагон аз суханони дилсӯзона ва падарона, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати идомаи рушди ислоҳоти маориф, донишандӯзӣ, эҳтиром гузоштан ба заҳмати омӯзгорон, ҳалли мушкилоти соҳа илҳом гирифта, ба соли нави таҳсил оғоз намуданд.