Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БЕМОРХОНАИ НАВ БА ИСТИФОДА ОМОДА КАРДА ШУД
single-product

БЕМОРХОНАИ НАВ БА ИСТИФОДА ОМОДА КАРДА ШУД

2024-08-29 10:43:39

Бинои нави беморхонаи минтақавии деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатарош барои истифода омода карда шуд.
Беморхонаи мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории соҳибкорон ва сокинони деҳа бунёд шуда, ҳоло барои истифода омода карда шудааст.
Бино аз ду қабат ва 24 утоқи табобат ва ёрирасон иборат буда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷиҳоз ва таҷҳизоти тиббии зарурӣ таъмин карда шудааст ва саҳни беморхона сабзкорӣ шуда, он ҷо роҳраву нишастгоҳҳо сохта шудаанд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни боздид барои анҷоми охирин корҳои ороишии саҳни бино ба масъулин дастур дод.

single