МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ
2024-08-21 17:06:43
Рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди соҳаи
маориф, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои давраи то соли 2030 дар муассисаҳои
таълимии шаҳри Панҷакент дар машварати августии
кормандони соҳаи маорифи шаҳр бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, намояндаи
раёсати маорифи ввилояти Суғд Бахтиёр Саҳадов, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва
омӯзгорон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Қабл аз оғози машварат иштирокчиён аз намоиши намунаҳои либосҳои мактабӣ барои хонандагон, ҳунари аъзоёни маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти
иловагӣ ва кӯдакистонҳо дидан намуданд.
Раиси шаҳр зимни баррасии рафти иҷрои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент, зикр намуд,
ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро
дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати
мамлакат самти меҳварӣ унвон карда, аз рӯзҳои аввали ба истиқлол расидани кишвар барои такмилу таҷдид ва роҳандозии ислоҳоти густурдаи соҳа корҳои азимеро оғоз бахшиданд ва дар ин ҷода бо роҳнамоӣ ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар вилоят, аз ҷумла шаҳри Панҷакент низ, корҳои зиёде ба ҷо оварда мешавад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳое, ки дар Стратегияи номбурда муайян шудаанд, давоми солҳои охир бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои дастрас ҷиҳати таъмини молиявии
рушди маориф, мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ- техникии он корҳои зиёдеро ба ҷо овард ва ҳоло 60 фоизи қисми хароҷоти буҷети шаҳр ба соҳаи маориф равона шуда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ҷалби сармояи соҳибкорон, шахсони саховатпеша, падару модарон дар соҳаи маорифи шаҳр корҳои зиёде амалӣ шуданд ва ин раванд пайваста идома меёбад. Ҳамчунин
бо маблағгузории буҷети шаҳр эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ таъмин
шуда, нақшаи харидории кабинетҳои фаннӣ 117 фоиз ба иҷро расидааст.
Аз ҷумла, давоми се
соли охир барои муассисаҳои таълимӣ 7
бинои нав бунёд шуда, соли нави таҳсил боз се бинои нав ва 41 синфхонаи иловагӣ мавриди истифода қарор дода мешавад ва ҳоло сохтмони боз
148 синфхона, 3 бинои нав ва таҷдиди бинои
нотамоми як мактаб идома дорад.
Ҳамчунин дар машварат таваҷҷӯҳи роҳбарияти шуъбаи маориф, сарварони
муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия,
назорати пайваста ба раванди таълим,
дарёфти соҳибистеъдодҳо ва таъмини
иштироки шумораи бештари хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ,
иҷрои муқаррароти қонун дар бораи
масъулият барои таълиму тарбияи фарзанд,
омодагӣ ба мавсими зимистон ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа ҷалб карда шуд.
Дар машварат намояндаи раёсати маорифи вилоят
Бахтиёр Сарҳадов ва прокурори шаҳр,
мушовири адлияи дараҷаи 1 Искандар
Раҳматзода сухан карданд.
Дар фарҷоми машварат ба як гурӯҳ кормандони
соҳаи маориф нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ифтихорнома
ва сипосномаи Вазораи маориф ва илм, раёсати маорифи вилояти Суғд, мақомоти
иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда, барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешкаш карда шуд.