Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ҲАФТКӮЛ - МИНТАҚАИ САЙЁҲИЮ ИСТИРОҲАТӢ
single-product

ҲАФТКӮЛ - МИНТАҚАИ САЙЁҲИЮ ИСТИРОҲАТӢ

2024-08-19 11:40:02

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табиати нотакрори Тоҷикистонро биҳишти рӯи замин унвон кардаанд.
Ҳафткӯл яке аз чунин минтақаҳост, ки кайҳо боз мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳонгардон ва дӯстдорони табиати на танҳо Тоҷикистон, балки сайҳони хориҷӣ низ гардидааст ва дар даврони истиқлол ин ҷо ширкатҳои сайёҳӣ ва соҳибкорон панҷ пойгоҳи сайёҳию истироҳатгоҳ ташкил кардаанд ва онҳо дар мавсим садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷиро пазироӣ менамоянд.
Ҳоло бошад дар соҳили кӯли сеюми Ҳафткӯл- Ҳушёр, соҳибкор Далер Ҳамроқулов ба бунёди пойгоҳи сайёҳӣ бо меҳмонхонаю дигар иншооти зарурӣ пардохтааст.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз ин ва дигар пойгоҳҳои сайёҳию истироҳатгоҳҳо гуфта шуд, ки дар онҳо бояд барои пазироии сайёҳон ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда, хидматрасонӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.
Дар истироҳатгоҳи Мижгон дар сӯҳбат сайёҳони итолиёӣ аз табиати биҳиштосои Тоҷикистон, меҳмоннавозии мардум ва шароити хуб дар ин ҷо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
-Мо боз мебиёем ва дӯстонамонро низ ба саёҳати Тоҷикистон, хоса Ҳафткӯл, даъват мекунем, - гуфтанд онҳо вақти хайрухуш.

single
single