Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛ
single-product

БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛ

2024-07-16 08:14:23

Натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Панҷакент дар нимсолаи аввали соли равон дар заминаи дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар маҷлиси фаъолони шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода баргузор шуд, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ иштирок намуд.
Муовини раиси шаҳр Хусрав Дӯстбойзода дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маърӯза кард.
Дар маърӯза таъкид шуд, ки дар ин давра “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2021-2025” аз оғоз 61,4 фоиз ба иҷро расонида, нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 99,2 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 624,1 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 3,7 миллион сомонӣ кам буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 62,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи аввал баробари 112,1 фоиз таъмин гардида, якҷо бо хизматрасонии пулакӣ ба зиёда аз 2,8 миллиард сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 304,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 426,5 миллион сомонӣ расонида шуд.
Дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 2,7 ҳазор гектар шолӣ, 3,1 ҳазор гектар сабзавот, беш аз 5 ҳазор гектар картошка кишт карда, то 1 июл 12994,8 тонна ғалла, 25499,4 тонна картошка, 8699 тонна сабзавот, 1495,2 тонна мева ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9381 тонна картошка ва 830,6 тонна сабзавот бештар аст.
Кишоварзон дар майдони 670 гектар кишти такрорӣ гузарониданд ва ин кор идома дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди шаҳри Панҷакент беш аз 110 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ, гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида, дар майдони 27 гектар боғҳои нав бунёд ва дар 23 гектар боғҳои кӯҳна барқарор карда шудаанд.
Тибқи нақша ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1000 иншооти таъиноти гуногун бунёду азнавсозӣ мешаванд ва то охири нимсолаи аввали соли ҷорӣ 460 иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шуд, ки ин 56,7 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Ҳоло дар шаҳр бунёди 35 бинои баландошёна бо марказҳои савдою хидматрасонӣ, 2 бинои маъмурӣ,2 беморхона, 5 бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 меҳмонхона идома дорад.
Дар ҳисобот ҳамчунин вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сайёҳӣ, хидматрасонӣ, кор бо занону бонувон ва дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр таҳлил гардида, гуфта шуд, ки бо ҷалби техникаю механизмҳо оқибатҳои офатҳои табиии охири моҳи июн асосан бартараф карда, дар ин самт ҳоло корҳо идома доранд.
Зимни баррасии маърӯза муовини раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳр аз масъулони соҳаҳо, роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо пурсиш ба амал оварда, таваҷҷӯҳи онҳоро ба беҳдошти корҳо, таҳлили вазъи воқеии соҳаҳо, эътибори ҷиддӣ ба тақвияти корҳои тарғиботӣ, ислоҳи нуқсонҳои ҷойдошта, бо нишондиҳандаҳои хуб ҷамъбаст намудани соли равон, ки марҳилаи муҳими омодагӣ ба 35-умин солгарди истиқлоли давалатии кишвар аст, ҷалб карда шуд.

single