Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > Шимпей ИТО – «МАН МАФТУНИ ВАТАНИ ШУМО ГАШТАМ»
single-product

Шимпей ИТО – «МАН МАФТУНИ ВАТАНИ ШУМО ГАШТАМ»

2024-04-25 12:03:42

Бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол робитаҳои гуногунҷабҳаи кишвари мо бо мамолики ҷаҳон густариш ёфта, ёдгориҳои беназири таърихӣ ва манзараҳои нотакрори табиии он мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён қарор гирифт.
Нависанда,муҳаррир, аксбардор ва блогери машҳури Ҷопон Шимпей Ито аз ҷумлаи онҳое аст, ки ба ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса дорад. Ӯро дар ин сафар ба Тоҷикистон дар гузаргоҳи гумрукии Саразм намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ширкатҳои сайёҳӣ пазироӣ намуданд.
Боздид аз шаҳраки бостонии Саразм, Панҷакенти қадим, осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Рӯдакӣ ва оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Панҷруд ба ҷаҳонгарди ҷопонӣ таассуроти амиқ гузошт.
-Ман мафтуни Ватани шумо гаштам ва дидаю шунидаҳоямро барои ҳамватанонам муаррифӣ хоҳам кард,- иброз дошт Шимпей Ито ҳангоми гусел.

single
single