Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ДАР МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ШУДАНД
single-product

ДАР МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ШУДАНД

2022-10-31 15:03:48

Маҷлиси назоратии ҳафтавори назди раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ин навбат бо шунидани гузоришҳои сардухтури беморхонаи марказии шаҳр Раъно Абдуллоева оид ба рафти иҷрои ҳадафҳои “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” ва мудири шуъбаи маорифи шаҳр Шоҳида Мукамалова оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03. 04.2022 , № 114 “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” оғоз шуд.
Баъди шунидани гузоришҳо раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода сабабу омилҳои ба таври зарурӣ иҷро нашудани ин барномаҳоро аз роҳбарони беморхонаи марказии шаҳр, хадамоти кӯмаки аввалияи тиббӣ- санитарӣ ва шӯъбаи маорифи шаҳр пурсида, таваҷҷӯҳи онҳоро ба иҷрои ҳадафҳои дар онҳо муайяншуда ҷалб намуд. Таъкид шуд, ки рафти татбиқи барномаҳои мазкур дар сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, беморхонаи марказии шаҳр, хадамоти кӯмаки аввалияи тиббӣ- санитарӣ, шуъбаи маорифи шаҳр мунтазам баррасӣ карда, барои иҷрои онҳо чораҳои амалӣ андешида шавад.
Дар ҷаласа ба ҳозирин Сулаймонов Ҷамшед ба сифати мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Мерганов Қутбиддин Абдуллоевич– мудири бахши шаҳрии Амонатбонк муаррифӣ карда шуданд.
Дар маҷлиси назоратӣ ҳамчунин рафти обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо, чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба мавсими ниҳолшинонӣ, захира намудани тухмиҳо, таҳияи дурнамои кишти зироатҳо, тайёр намудани иншооти обёрӣ ба мавсими нави кишт, таъмини коргоҳҳои истеҳсолӣ бо барқ, рафти маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, ташкили ҳашарҳои тозакорию ободонӣ, дигар масъалаҳои муҳими шаҳрдорӣ муҳокима шуда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои онҳо дастуру супоришҳо дода шуд.
Статистика и объявления
17
Поделились: 10
Нравится
Комментировать
Поделиться