Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ХЕЗУ АЗ ХОНА БАРО, НАВРӮЗ АСТ
single-product

ХЕЗУ АЗ ХОНА БАРО, НАВРӮЗ АСТ

2024-04-03 16:29:22

Дар даврони истиқлол бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни миллии мо- Наврӯз, дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил карда мешавад.
Бегоҳи дирӯз дар варзишгоҳи маҳаллаи Сӯзангарони шаҳр сокинони маҳаллаҳои шаҳри Панҷакент бо шодию тараб, рақсу суруд, густурдани дастархони наврӯзӣ, гузоштани деги суманак ва дигар анвои таомҳои миллӣ то нимашаб ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз идгоҳ дидан намуда, сокинонро бо ҷашни Наврӯз шодбош гуфт. Рангҳои Наврӯзи маҳаллаҳои шаҳри Панҷакент дар суратгузориш дар саҳифаи фейбукии МИҲД мунъакис шудааст

single