Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК!

2024-03-29 16:25:07

Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан”, ки аз ҷумлаи ибтикороти наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ҳар сол дар рӯзҳои таҷлили иди байналмилаии Наврӯз роҳандозӣ мешавад.
Дар даври вилоятии фестивал-озмун, ки бо роҳнамоии муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази вилоят баргузор шуд, маҳсули эҷоди тарроҳ аз шаҳри Панҷакент Мавзуна Абдураҳмонова дар бахши “ Беҳтарин либоси қадимаи чакан” сазовори ҷои аввал ва диплом гардид.
Ин ғолибиятро ба ҳама бонувони ҳунарманди Панҷакент шодбош мегӯем.

single
single
single