Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > “Боғбон”- ширкате, ки аз ҳуҷайра ниҳол парвариш менамояд
single-product

“Боғбон”- ширкате, ки аз ҳуҷайра ниҳол парвариш менамояд

2022-10-25 10:33:46

Дар рӯзҳои боздид аз шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ин шаҳри бостонӣ, ки рӯзҳои 18-19 октябри соли равон сурат гирифт, ҳайати намояндагони шаҳри Панҷакент дар раъси раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо масъулони ҳокимияти шаҳр, доираҳои соҳибкории шаҳру навоҳии вилояти Самарқанд ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳо сӯҳбату мулоқотҳо анҷом дода, аз чанд корхонаҳои истеҳсолии он дидан намуданд.
Ҳайати шаҳри Панҷакентро ба агроширкати "Боғбон" раиси ноҳияи Ҷонбойи вилояти Самарқанд Қайюм Собиров роҳнамоӣ намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки агрокомплекси гуногунсоҳаи “Боғбон”, ки соле 32 навъи ниҳолҳои меваю ангурро аз сатҳи ҳуҷайравӣ то кӯчат дар майдонҳои васеъ омода менамояд, дар Осиёи Миёна ҳоло ягона буда, дар омода намудани навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳанда аз охирин дастовардҳои илми агротехникаи ҳозиразамон истифода менамояд.
Аз ҷумла, лабораторияи ин ширкат мавриди таваҷҷӯҳи хоса қарор гирифт. Ҳавои он чун дар ҳуҷраҳои ҷарроҳии беморхонаҳо комилан тоза буда, онҷо дар зарфҳои махсуси пластикӣ бо истифода аз усулҳои генетикӣ такпайванди ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаи навъҳои интенсивиро аз ҳуҷайраи онҳо месабзонанд ва баъдан дар гармхонаҳо пайванд менамоянд.
Гуфта шуд, ки бо ин роҳ ҳар сол то 20 миллион бех ниҳолҳои навъҳои гуногуни себ, шафтолу, чормағз, хурмо, бодом ва ток ва ғайра пайванд шуда, то 6 миллион дона ба фурӯш бароварда мешавад.
Дар ширкат агромакет- мудирияти ташкили боғҳои интенсивӣ аз омода намудани ниҳол, ташхиси таркиби хоки боғи оянда, насби таҷҳизоти обёрии қатрагӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда, то ин муддат бо ин роҳ дар ҳудудии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар майдони 6 ҳазор гектар боғу токзор бунёд карда шудааст.
Ҳамчунин дар ширкат лабораторияи муайян намудани таркиби хок ташкил шудааст ва он ҷо хоки боғҳои оянда ва киштзори дигар зироат бо дархости фармоишгарон муайян шуда, мувофиқ ба он парвариши ин ё он навъи ниҳол ва ё зироат тавсия дода, дар ин замина меъёри додани нурӣ низ муайян карда мешавад.
Дар гармхонаҳои ширкат, ки ҳайати шаҳри Панҷакент аз онҳо низ дидан намуд, барои паравриши ниҳолҳо ҳама шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Дар ширкат ҳамчунин агромағоза ташкил намудаанд, ки он ҷо ҳама намуди доруҳои кимиёӣ барои пешгирии касалию ҳашарот, васоити техникии боғу токпарварӣ ба харидорон пешкаш мешавад.
Бо роҳбарияти ширкат ҷиҳати ташкили ҳамкорӣ, бунёди боғҳои нави интенсивӣ бо истифода аз таҷрибаи ғании ин ширкат гуфтушуниди судманд анҷом дода, мувофиқа шуд, ки мутахассисони ширкат аз Панҷакент барои мушаххас намудани роҳҳои ҳамкорӣ боздид менамоянд.
Дар идомаи боздид аз ноҳияи Ҷонбой раиси шаҳри Панҷакент ва ҳамроҳонаш аз токзори хоҷагии деҳқонии оилавӣ, ки аз ниҳоли токи ширкати “Боғбон” дар 8,5 гектар токзор бунёд карда, ҳосили онро ба 300 сентнерӣ расонидааст, дидан намуда, бо таҷрибаи омода намудани мавиз дар ин ҷо шинос шуданд.