Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ АЗ БОСТОНШАҲРИ САРАЗМ ОҒОЗ ШУД
single-product

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ АЗ БОСТОНШАҲРИ САРАЗМ ОҒОЗ ШУД

2024-03-22 11:58:49

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз таъкид доштанд, ки ин иди миллии мо таърихи шашҳазорсола дорад.
Мантиқан он ҳамсолу ҳамсанги бостоншаҳри Саразм- оғозгоҳи фарҳанги кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозӣ аст ва хеле рамзӣ буд, ки тантанаҳои наврӯзии сокинони шаҳри Панҷакент субҳи имрӯз дар саҳни даромадгоҳи ин маҷмааи таърихию бостонӣ бо садои карнаю мусиқии идона оғоз шуд
Зимни боздид аз растаҳои маҳаллаҳо, ҷамоатҳои деҳот,корхонаю муассисаҳо, ки бо дастархони наврӯзӣ, намунаи таомҳои миллӣ, ҳунарҳои халқӣ оро ёфта буд, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвақтзода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба ҳунару завқи онҳо баҳои баланд дода, бо мардум сӯҳбати гарму самимӣ карда , онҳоро бо иди Наврӯзи ҷаҳонӣ шодбош гуфтанд.
Идомаи тантанаҳои наврӯзӣ дар Кохи фарҳанги шаҳр бо иштироки фаъолон, собиқадорони меҳнат ва намояндагони корхонаю муассисаҳо, меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сайёҳон аз Ҷумҳурии исломии Эрон бо барномаи ҷолиби ҳунарӣ сурат гирифт.
Ҳозирин ва сокинони шаҳрро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвақтзода аз номи Ҳукумати мамлакат бо Наврӯзи ҷаҳонӣ шодбош гуфта, паёми табрикии муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ ироа намуд.
Дар паёми шодбошии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар бораи эҳёю арҷгузорӣ ба Наврӯз дар замони истиқлол, саҳми Пешвои муаззами миллат дар ҷаҳони шудани он ва пайванди ногусастании ин ҷашни миллӣ ва ҷаҳонӣ ба таърих, тамаддуну фарҳанг ва ормонҳои мардуми ориёиасл сухан рафт.
Барномаи ҳунарии идонаи санъаткорони шаҳр бо иштироки Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев, рақсу сурудҳои ҷаззоб хотири иштирокчиёни ҷашнвораи наврӯзиро шод намуд.
Тантанаҳои наврӯзӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва ҳар хонадони сокинони шаҳр идома меёбад.

single
single