Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > АҶАМ ЗИНДА КАРДАМ БАД-ИН ПОРСӢ
single-product

АҶАМ ЗИНДА КАРДАМ БАД-ИН ПОРСӢ

2024-02-28 11:58:05

Дар даврони истиқлол бо роҳнамоӣ ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷгузорӣ ва бузургдошти фарзандони барӯманди миллат корҳои шоистае анҷом дода мешавад. Дастури Пешвои муаззами миллат дар бораи нашри “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва ба ҳар оила тақдим намудани он аз ҷумлаи ин ибтикороти ватандӯстона ба хотири тақвияти худшиносии миллат аст.
Ба ин муносибат ва ҷашни бузурги 35- солагии истиқлоли давлатии кишвар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо дастури муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода барои азнавсозии гулгашт ва муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ, ки дар даромадгҳи шарқии шаҳр ҷойгир аст, тасмим гирифт.
Тибқи лоиҳаи ангоравӣ бунёди боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ дар буриши хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳр дар масоҳати 7600 метри мураббаъ бо тарҳи нав пешбинӣ шуда, ба назар чун асбоби мусиқии торро мемонад.
Боғ аз майдони пазироӣ оғоз шуда, бинандагон тавассути дарвозаи мӯҳташам, бо баландии 8 ва дарозии 14 метр бо услуби меъмории миллӣ ва бо сутунпояҳои бузурги мармарин,нақшу ороиши миллӣ, намои муҷассамаҳои паҳлавонони достонҳои безаволи “Шоҳнома”- тимсоли нигоҳбони сулҳу суботи Ватан аз қаҳрамонҳои достони безаволи «Шоҳнома» хоҳад буд, ворид мешаванд.
Дар қисмати болои дарвоза навиштаҷоти Боғи Абулқосим Фирдавсӣ бо ҳуруфи тоҷикӣ-кириллӣ ва форсӣ ҳаккокӣ мешавад. Роҳрави асосии боғ бо паҳноии 8 метр ва дарозии 75 метр бо нақшу нигори миллӣ аз сангҳои ороишии ватанӣ гулчинӣ шуда, аз даромадгоҳи боғ то ба майдон тӯл мекашад.
Дар лоиҳа бунёди майдони даврашакл бо ҳудуди 30 метр ва сутунҳои гаронҳаҷми болордор бо рупӯш аз сангҳои мармарини ватанӣ ба назар гирифта шудааст.
Болотар аз майдони мазкур муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ бо баландии 5,5 метр қомат меафрозад. Баландии зерпояи муҷассама 6,2 метр буда, дар паҳноии 3,4 метр бо сутунҳои зебо бо тарҳи таърихӣ ва навиштаҷоти Абулқосим Фирдавсӣ бо ду забон пешбинӣ гардидааст.
Дар паси муҷассама деворнигораҳо бо баландии мухталиф - аз 2,5 то ва 3,5 метр бо дарозии 34 метр барелеф-нигораҳо аз намунаҳои саҳнаҳои достони безаволи «Шоҳнома» ва ашъори шоир дарҷ мешавад. Аз қисмати чапи муҷассама бошад, муҷассамае аз разми Рустам бо Сӯҳроб аз достони ҳамноми «Шоҳнома» гузошта, дар қисмати дигари боғ ду ҳайкали аспи саманд чун тимсоли аспи Рахш ва дигар аспони ҷангии дар ин асари безавол тасвиршуда, гузошта мешавад.
Дар атрофи муҷассама фаввораҳои зебо бо нишастгоҳҳои чӯбину мармарин ва сӯҳбаткадаи бузурги мармарин барои қироати «Шоҳнома», яъне «Шоҳномахонӣ», ба инобат гирифта шудааст.
Дар лоиҳаи боғ ҳамчунин чароғпояҳои хурду бузург,кабудизоркунӣ, шинонидани дарахтони ороишии ҳамешасабз, гулҳои мавсимӣ,курсиҳои нишаст, роҳравщо, фаввораҳои хурди обнӯшӣ, даромадгоҳҳои хурди гулпӯш, қуттиҳои партов, гулдонхо, панҷараҳои филизии иҳотавӣ, пандусҳо-роҳравҳои махсус барои одамони маҳдудҳаракат, обпошҳои худкор ва ғайра пешбинӣ гардидааст.
Ҳамаи ин дар маҷмуъ як ансамбли ягонаи меъморӣ –фарҳангӣ-маърифатиро ташкил медиҳад ва бо бунёди он ба рӯҳи бузурги муаллифи “Шоҳнома”-и безавол чун тимсоли дӯст доштани Меҳан, ҳифзи марзу буми муқаддаси он, боло бурдани эҳсоси худшиносию ватандӯстӣ ва хидмати мондагори Пешвои муаззами миллат дар роҳи эҳё ва бузургдошти таърихи ғановатманди миллат арҷ гузошта мешавад.
Аз корбарони саҳифа ва сомонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳамдиёрон, аҳли фарҳангу зиёи кишвар хоҳиш мекунем, ки фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро дар ин бора ба хотири такмили ин лоиҳаи ангоравӣ аз ҷониби муаллифи лоиҳа – ширкати лоиҳакашии “Мусаввир”, аз тариқи ин саҳифаю сомона иброз намоянд.