Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

ХУСРАВО, ҶАШНИ МЕҲРГОН ОМАД

2022-10-24 09:19:22

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллии Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз нав бо тамоми шаҳоматашон эҳё гашта, ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешаванд.
Бо роҳнамоиҳои раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳру навоҳии вилоят низ ин ҷашнҳои миллӣ баргузор мешаванд.
Ин субҳ дар маркази шаҳри Панҷакент таҷлили ҷашни Меҳргон бо садои дафу карнай оғоз шуд. Кишоварзон ба ифтихори ин ҷашни аҷдодӣ ҳосили заҳмати худро, ки аз гандуму шолӣ, себу ангур, анвои гуногуни сабзавот иборат аст, барои иштирокчиёни ҷашнвора ба намоиш гузоштанд.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуда, бо деҳқонон сӯҳбати гарму самимӣ анҷом дод ва иштирокчиёни ҷашн, сокинони шаҳр ва хоса кишоварзонро бо ин иди миллӣ, ҷашни ҳосилу фаровонӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати деҳқонон шодбош гуфт.
Аз ҷумла, ёдрас шуд, ки ҷашнҳои Меҳргону Наврӯз бо ҳам робитаи қавии маънавӣ доранд ва ҳар ду дар ду таодул – баҳорӣ ва тирамоҳӣ, ҷашн гирифта мешавад ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст.
Оинҳои меҳргонӣ то рӯзгори мо, бахусус дар байни кишоварзон, боқӣ мондааст ва мардум ҷашни Меҳргонро бо нияте баргузор менамоянд, ки ҳамасола ҳосили деҳқониашон фаровон гардад, рӯзгорашон осудаю обод бошад, хайру баракат аз хонадонашон канда нашавад. Имрӯз Меҳргон ҷашни кишоварзон, ҷашни ҳосилу фаровонии неъмати деҳқонӣ, баракати рӯзгор ва нишон аз хушнудиву хушҳолии мардуми фарҳангсиришту заҳматпешаи Тоҷикистон аст ва кишоварзони Панҷакент онро бо ҳосили фаровони зироат ва тақвияти кишти тирамоҳӣ ва заминагузорӣ ба ҳосили оянда таҷлил менамоянд.
Ба ифтихори ин ҷашни аҷдодӣ ба фаъолони соҳаи кишоварзӣ сипосномаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент тақдим гардид ва барои иштирокчиён барномаи ҷолиби ҳунарии санъаткорони шаҳр пешкаш шуд.